СОҲИБКОРОНИ ВОРУХӢ АЗ ҲИСОБИ ХУД 2 МАКТАБИ НАВ ХОҲАНД СОХТ

Мо соҳибкорони ворухӣ омода ҳастем, ки аз ҳисоби пасандозҳои худ як мактаби ҳозиразамонро дар яке аз маҳалҳои нави аҳолинишини деҳа сохта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толибилмон туҳфа намоем – изҳор дошт сарвари Ассосиатсияи соҳибкорони бурунмарзии Исфара дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Сорбон Савриддинов зимни мулоқоти шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо соҳибкорони маҳаллӣ ва бурунмарзии зодаи деҳоти Ворух.
Сарвари Литсейи №3-и деҳа, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, педагоги маъруфи кишвар Абдураҳмон Шораҳматов низ тасмим гирифтааст, ки нахустин мактаби хусусиро дар деҳоти Ворух бунёд намояд, ки иқдоми мазкур аллакай ба “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ворид карда шудааст.

Мутобиқи Нақшаи мазкур ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷамоати деҳоти Ворух сохтмону азнавсозии дар маҷмӯъ 33 иншоот ба нақша гирифта шудааст.
Аз ҷумла дар соли 2019-ум бо саҳмгузории аҳолӣ ва соҳибкорони деҳоти Ворух бунёду азнавсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазнамоии 14 иншоот роҳандозӣ гардидааст.

— Мо омода ҳастем, ки ҳама гуна ташаббусу иқдомоти созандаи соҳибкоронро ҷиҳати бунёди иншоотҳои иҷтимоию истеҳсолӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳои хусусӣ ҳаматарафа ҷонибдорӣ ва барои амалигашти он кӯмаку мусоидат намоем- изҳор дошт шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар ҳузури соҳибкорони ворухӣ.

Хадамоти матбуотии раиси шаҳр