Таҷлили рӯзи кӯдакон

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола санаи 1 июн қайд карда мешавад, дар шаҳру деҳоти Исфара бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Бахшида ба ин сана дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Хонаи бачагони шаҳраки Шўроб ва Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳри Исфара чорабиниҳои идона доир гардида, бошандагони ин муассисаҳо ба аёдату ғамхорӣ фаро гирифта шуданд. Дар ҳамаи чорабиниҳо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара иштирок ва аз ҷониби сарпарастони муассисаҳо барои бошандагон дастархонҳои идона ороста шуданд.
Санаи 1 июн Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ ба ҳайси идгоҳи асосӣ ва макони баргузории чорабиниҳои идона қарор ёфт. Аз субҳи барвақт ин ҷо иди гулҳову паррандагон, намоиши маҳсули дасти аъзоёни маҳфилҳо ва озмунҳои гуногун, аз ҷумла расмкашӣ дар рўи асфальт оғоз гардиданд.
Ба мавзеи чорабинӣ Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин намояндагони раёсати маориф, бахши фарҳанг ва шўъбаи ҳуқуқи кўдак ташриф оварда шодишарики кӯдакону наврасон гаштанд.
Шаҳрдори Исфара ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст аз гӯшаҳои гуногуне, ки дар растаҳои гулпӯши Гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ ташкил карда шуда буданд, дидан намуда бо маҳсули дасти кӯдакону наврасон шинос гардиданд.
Маҳсули дастони моҳири толибилмони мактабҳо ва муассисаҳои томактабӣ, ки ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, бозгўйӣ аз он доштанд, ки имрўзҳо кўдакону наврасони кишвар ба туфайли ғамхориҳои беназири давлат ва аҳли ҷомеа имрўз ва ояндаи худро дар олами рангин ва хуррам дарёфт мекунанд.
Баъди тамошои барномаҳои омоданамудаи кӯдакон Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар назди ҳозирин бо суханони табрикӣ баромад намуд.
Ў зимни суханронии худ фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакону наврасон табрику муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати тифлӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беғаши кӯдакиро таманно намуд.
Таъкид гардид, ки ҳамасола 1 июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари дигар мамлакатҳои олам Рӯзи байнамилалии муҳофизати кӯдакон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мешавад, ки ҳадаф аз он пеш аз ҳама ҷалби аҳли башар ба муаммоҳои кӯдакон, ғамхорӣ нисбати онҳо, муҳайё намудани шароити мувофиқи зист, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо, таълим ва тарбияи ояндаи насли ҷавон аст.
Дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари азизамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас, таълиму тарбияи онҳо аҳамияти махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи ҷомеа маҳз ба тарбияи дурусти кӯдакону наврасон вобаста мебошад.
Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.
Боиси қайд аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи насли наврас ва дар ин замина ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда, ба нақша гирифтааст, ки то таҷлили ҷашни фархундаи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тақвият бахшида шавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара низ дар партави ин дастури созанда ба рушди муассисаҳои томактабӣ, таъмиру азнавсозии онҳо, боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи кӯдакон, фарогирии теъдоди бештари онҳо ба муассисаҳо таваҷҷуҳу эътибори зарурӣ равона намудааст. Айни ҳол, дар ҳудуди шаҳр 30 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 27 муассисаи таҳсилоти томактабии тобеи Раёсати маорифи шаҳр фаъолият намуда, 3172 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар назди 52 муассисаи таълимӣ бошад, 76 гуруҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1702 нафар кӯдакон амал менмоянд, ки дар беҳтар намудани кори таълиму тарбия нақши муассир доранд.
Дар барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Мо ғунчаҳои баҳори Ваҳдатем» дастаҳои хонандагони макотиби миёнаи умумū ва муассисаҳои томактабии шаҳру деҳоти Исфара ширкат варзида, тавассути шеъру тарона, рақсу бозӣ ва саҳначаҳои ҷолиби ибратбахш айёми ширини кўдакӣ ва самои софу беғубори Меҳани маҳбубро ситоиш карданд.