Ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Навгилем

Ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ҷамоати деҳоти Навгилем бо ширкати муовини аввали раиси шаҳр Умарзода Собит Идрис баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои номгузории маҳаллаҳо ва интихоби раиси нави ҷамоат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки бо пешниҳоди раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин вакилон номзадии Болтаев Аҳмадхуҷа Ҳабибуллоевичро ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Навгилем маъқул шумориданд.
Аҳмадхӯҷа Болтаев 15 — уми марти соли 1975 дар деҳаи Навгилем таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи технологии шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон. Ихтисосаш муҳосиб — аудитор.
Солҳои мухталиф дар вазифаҳои қабулкунандаи маҳсулоти тайёр ба анбор ва мудири анбори асосӣ дар комбинати консервабарории шаҳри Исфара, мутахассис ва сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, мудири бахши меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ кор кардааст.
Ахиран, ба ҳайси мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Исфара фаъолият дошт.
Оиладор соҳиби 3 фарзанд.