Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ»

Дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Корхонаи кимиёвӣ»-и шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи кимиёгарони мамлакат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар рафти он иҷрокунандаи вазифаи сарвари кулли корхона Субҳоналӣ Миристоев ва намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамс Солеҳзода баромад намуда, бо баробари ёдрасӣ аз таърихи пуршарафи корхона, саҳмин назарраси он дар таъмини мардуми маҳал бо кори доимӣ ва ғановат бахшидани буҷети давлатӣ, ҷомеаи меҳнатиро бо Рӯзи кимиёгарон сидҳан шодбош гуфтанд.
Минбаъд ба 35 нафар пешқадамони истеҳсолот сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқи касаба дар вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва маъмурияти корхонаву иттифоқи касабаи он супорида шуданд.