МУЖДАИ ТОЗАИ ОБОДОНӢ АЗ БМШ

МУЖДАИ ТОЗАИ ОБОДОНӢ АЗ БМШ

Тавре ки маълум аст, дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 ба масъалаи солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, ҷиҳати тавсеа ва таҳкими инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифагузориҳои мушаххас сурат гирифта буданд.
Дар ин радиф, дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо ибтикори сардухтури беморхона Таибиддин Муҳаммедов ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи меҳнатӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва маъракаи вилоятии «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» дар ҷабҳаи васеъ корҳои вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муҷаҳҳаз гардонидани шуъбаҳо ба дастгоҳу таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ ва таъмиру тармим ва азнавсозии иншоотҳо бо суръат идома дорад.
Таи чанд соли охир аллакай мо одат кардаем, ки дар ин боргоҳи дармону табобат сари ҳар вақт вобаста ба рушду ободонӣ муждаҳои тоза пахшу нашр мешаванд. Ахиран, иттилоъ ёфтем, ки дар ин ҷо шуъбаи сироятии хурдсолон бо дастгирии соҳибкорони саховатпешаи маҳаллӣ бо харҷи 14 ҳазор сомонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуд.
Шуъбаи сироятии хурдсолон аз 9 ҳуҷраи бистаришавии беморон, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, шустушӯй, ошхона, мабразгоҳ ва долон иборат буда, солҳо инҷониб бинобар норасоии маблағ дар ҳолати наонқадар хуб қарор дошт.
Акнун бошад ин ҷо барои муолиҷаи саривақтӣ ва босифати беморони кӯчак тамоми шарту шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Боиси қаноатмандист, ки дар беморхонаи марказӣ ҳамчунин шуъбаи бемориҳои гӯшу гулӯву биннӣ низ бо саҳмгузории соҳибкорони хайрандеш бо харҷи 4 ҳазору 400 сомонӣ аз таъмири хушнамо ва босифати пардозӣ бароварда шуда, дарҳои он бо намуди пластикӣ ва мизу курсиҳо бо маҷмӯи навашон иваз карда шуданд.