Дар шаҳру деҳоти Исфара

Дар шаҳру деҳоти Исфара 74 солагии пирўзи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравиро аз болои фашизми гитлерū бо сипосгузории бекарон нисбат ба падару бобоёни қаҳрамон ва меҳнаткашони мушкилнописанди ақибгоҳи солҳои 1941-1945, ҳамчунин шукргузории бепоён ба соҳибдавлативу ҳаёти осудаву ором таҷлил намуданд.
Ба ин муносибат субҳи имрӯз дар майдони Ғалабаи шаҳр бо иштироки роҳбарияти МИҲД, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр чорабинии идона сурат гирифт.
Собиқадорони ҶБВ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатū ва ҷомеаҳои меҳнатū бо рамзи гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг дар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд.
Баъди садо додани суруди миллӣ, дар назди собиқадорони ҶБВ, набардҳо дар Афғонистон, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатū, ҷомеаҳои меҳнатū, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, аскарону афсарони қисмҳои низомū ва омўзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимū раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли ҳамдиёронро ба муносибати 74-юмин солгарди ғалаба бар зидди фашизм табрику муборакбод намуд.
Раиси шаҳр оид ба корнамоиҳои фарзандони ватандӯсти тоҷик, ки дар майдонҳои набард баҳри озодии диёр ва осудагии ҳамдиёрони хеш ҷонбозиҳо карданд, суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки он қаҳрамонӣ, шуҷоат, диловарӣ ва садоқате, ки фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла исфарагиён дар қатори миллионҳо нафар намояндагони халқу миллатҳои гуногуни Иттиҳоди Шўравӣ дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишон додаанд, намунаи олии ватандорӣ ва дарси олии мардонагӣ буда, дар таърихи ватан бо хатти заррин сабт шудааст ва насли ҷавон вақте онҳоро саҳифагардон менамояд, дар мисоли садоқатмандию ватанпарастии бобоён ва падарони шўҳратманд, дарси садоқату вафодорӣ ба диёрро меомўзад.
Дар қатори ҳазорон муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсӯз 7389 нафар родмардони Исфара низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, 1049 нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.
Аз 5440 нафар фарзандони зафарманди бо пирӯзиву сарбаландӣ ба Ватан баргаштаи Исфара, ки минбаъд барои пешрафти ҷомеа ва фароҳамсохти рӯзгори ободу осудаи имрӯзаи мо заҳмат кашидаанд, 5432 нафари онҳо захмҳои ҷанг дар дилу тан тайи 74-соли гузашта фавтидаанд.
Муовини раиси вилояти Суғд Турахонзода Баҳоваддин Баҳодурхон дар назди ҳозирин номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қироат намуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинū суруду таронаҳои маълуму машҳури давраи ҶБВ ва васфкунандаи Ватану мардуми матиниродаи сарзамин садо доданд.