ШАҲРДОРИ ИСФАРА РӮ БА РӮ БО ҶАВОНОНИ ДОНИШАНДӮЗ ВА ҲУНАРҶӮЙИ ЗОДАИ ИСФАРА ДАР ПОЙТАХТИ МАМЛАКАТ

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо ҳаёти донишҷӯён, раванди таҳсил ва мушкилоту муаммоҳои мавҷудаи онҳо раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо ҷавонони исфарагū, ки дар муассисаҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил мекунанд, мулоқот доир намуд.
Дар мулоқоти рӯбарӯву ошкоро, ки дар толори «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт сурат гирифт, беш аз 200 нафар муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии пойтахти мамлакат — зодагони Исфарамарз ширкат намуданд.
Суханронии шаҳрдори Исфара, ки фарогир ва баёнгари самтҳои сиёсати давлатӣ оид ба маориф ва ҷавонон, силсилаиқдомоти Сарвари давлат баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонон ва имтиёзоти давлатии ба дастгирии мутахассисони ҷавон нигаронидашуда, моҳияти омӯзиши илму техникаи муосир ва корбурди технологияҳои инноватсионӣ ва амсоли ин буд, мавриди таваҷҷуҳи донишҷӯён қарор ёфт.
Мулоқоти шаҳрдор ва донишҷӯён озоду самимона сурат гирифта, зимнан мавзӯю масъалаҳои марбут ба таҳсилу донишандӯзӣ ва шароити зисти донишҷӯён, эҳтиёҷмандии ҷомеаҳои меҳнатии шаҳр ба мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои гуногун ва таъмини хатмкунандагони муасисаҳои таҳсилоти олӣ бо ҷойи кор, дастгирии моддию маънавии донишҷӯёну ҳунаромӯзон ва амсоли ин мавриди гуфтугузор қарор ёфтанд.
Тавре Саломзода Сиҷоуддин изҳор дошт, дар шаҳри Исфара, ки яке аз минтақаҳои калони саноатӣ ва соҳаи кишоварзиаш рушдёбандаи мамлакат маҳсуб ёфта, дорои беш аз 50 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, 85 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо муассисаҳои тандурустӣ, хизматрасониву савдо аст, чиҳати бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани ҷавонони Исфарамарз, ки айни замон дар донишгоҳу донишкадаҳо ва коллечҳои шаҳри Душанбе таҳсили илм ва ҳунаромӯзӣ доранд, мушкилоте нахоҳад буд.
Мувофиқ ба иттилои дастрас айни замон танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Душабе зиёда аз 1200 нафар ҷавонони шаҳри Исфара таҳсил доранд. Лозим ба ёдоварист, ки бо иқдом ва сарпарастии роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Осоишгоҳи Зумрад», 12 нафар ҷавонони исфарагӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таҳсили илм доранд, ки минбаъд ҳамчунин мутахассисони соҳа дар осоишгоҳ кору фаъолият хоҳанд кард.
Дар раванди мулоқот аз ҷониби Саломзода Сиҷоуддин ба ҳар яке аз ширкатдорони мулоқот кӯмакпулии яквақтаи раиси шаҳри Исфара тақдим гардид.
Шаҳрдори Исфара дар фарҷом изҳори умедворū намуд, ки ҷавонони баору номуси диёр омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо менамоянд ва дар таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва рушду ободии Ватани азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ҳунарманди маъруф Бахтиёр Иброҳимов якҷоя бо ҳайати ансамбли «Гулшан» маҳфилороӣ намуда, хотири аҳли донишҷӯёну ҳунаромӯзонро болида сохтанд.
Ҳамин тавр мулоқот басо самимиву судманд анҷом пазируфт ва дар маҷмӯъ, донишҷӯён аз ин боздид, аз ин гуна вохӯриву мулоқоти хушоянд бо Раиси шаҳри Исфара куллан шоду ризоманд гаштаанд.