Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Исфара ба дидорбинию аёдати рӯзноманигори собиқадор Абдуҳамид Ваҳхобови 90 сола иқдом намуд.
Сарвари рӯзноманигорони кишвар зимни мулоқоти самимӣ бо рӯзноманигори собиқадору соҳибмактаб таъкид дошт, ки хидмату корнамоиҳо ва садоқати аҳли қалами собиқадор ҳамешагӣ дар зери таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои насли нави рӯзноманигорӣ мояи ифтихор ва пайравист.
Абдуҳамид Ваҳхобов аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ болида гардида, аз таваҷҷӯҳӣ ҳамарӯза ба давлату ҳукумат шукргузорӣ намуд.