9 апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара

9 апрели соли равон дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он муовинони Раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни мулоқот Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти омодагиҳо ба ҷашни 30 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави вилоят ёдовар гардида, таъкид дошт, ки ба истиқболи ҷашн беш аз 6500 иншоот бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. То ин дам беш аз 2200 иншоот сохта ба истифода дода шудааст.

Дар рафти қабули шаҳрвандон сокинони ҷамоат ба Раиси вилоят оид ба мушкилиҳои мавҷудаи хеш муроҷиат карданд. Аз ҷумла, Абдураҳмон Авезов, Ҳамдам Ваҳҳобов, Абдурақиб Раҳмонов, Раҳнамо Умедова ва дигарон бо арзу дархости худ, асосан роҷеъ ба масоили мумфарш намудани роҳ, таъминоти оби полезӣ, бунёди бунгоҳи тиббӣ ва варзишгоҳ, гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ муроҷиат намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода масъалаҳои пешниҳоднамудаи шаҳрвандонро саривақтӣ арзёбӣ намуда, масъулинро вазифадор намуд, ки дар мӯҳлатҳои наздиктарин бобати ҳалли онҳо чораҳои зарурӣ андешанд

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *