Наврӯзи Хонобод

Тантанаҳои наврӯзии сокинони ҷамоати деҳоти Хонобод бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, роҳбарияти ҷамоати деҳот ва собиқадорону сокинони деҳа дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 сурат гирифт.
Бояд гуфт, ки сокинони дехоти Хонобод чашни Наврўзи Ачамро бо эхсоси баланди худшиносиву худогохӣ, гиромидошти суннатхои поки ачдодӣ ва азму ниятхои созандаву ободонии Ватани махбуб гарм истиќбол гирифтанд. Дар ин радиф дар базмгоҳ мувофиқ ба анъанахои човидонаи миллӣ маъракахои омода намудани таоми наврўзии сумалак, махфилхои шеъру суруд ва бозихои милли баргузор гардиданнд,ки ба чашни ачдодии мо шукўху шахомати хоса ато намуданд.
Нахуст, меҳмонони чорабинӣ ба идгоҳ , ки бо рамзхои давлатӣ, парчамхои рангоранги идона, шиору овезаҳои тараннумкунандаи Наврўз оро дода шудааст, ташриф оварда аз намоиши хунарҳои халқӣ, махсули дастони пазандагону ќаннодон, дидан карданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси ҷамоати деҳоти Хонобод Дилбархон аҳли деҳаро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, дар радифи суннатҳои беҳтарини ҷашни ниёгон зарурияти ҳифзи сулҳу салоҳ дар сарзамин, саҳмгузорū дар раванди маъракаи бунёдкориву созандагū ва таҳкими риштаҳои дӯстиро байни сокинон, миллатҳои тоҷику қирғиз ва ӯзбек таъкид намуд.
Баъдан муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён баромад намуда, хонободиҳоро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилал сидқан муборакбод гуфт. Ӯ аз ҷумла зикр дошт, ки ин ҷашни муқаддасу мубораки мо бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мамлакатҳои дигар аз ҷониби Созмони Миллали Мутаҳҳид мақоми ҷаҳонӣ гирифта, аз соли 2010 инҷониб дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомоти хоса ҷашн гирифта мешавад.
Таъкид шуд, ки таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқболу тантанаи Наврӯз рангу ҷилои нав гирифт. Мардуми сарбаланди шаҳру деҳоти Исфара дар қатори дигар сокинони мамлакат иқдоми неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гарм истиқбол намуда, ба ободии кишвар, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгонамон эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, мехоҳанд, бо ин васила дар рушду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ саҳми назаррас гузоранд.
Зикр гардид, ки ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.
Барномаи рангини фарҳангӣ бо фарогирии тамоми анъанаҳои миллии наврӯзӣ табъи ширкатдорони чорабинии идонаро болида намуд.