Наврӯзи Шаҳрак

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба иди Наврӯзи фархундапай дар қаламрави шаҳру деҳоти Исфара тантанаҳои ҷашнӣ сурат мегиранд, ки мардум бо руҳияи идона ва шукргузорӣ аз суботу оромӣ дар ин чорабиниҳои наврузӣ иштирок менамоянд.
Наврўзи Аҷамро сокинони ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, гиромидошти суннатҳои неки аҷдодӣ ва азму ниятҳои созандаву ободонии Ватани маҳбуб гарм истиқбол намуданд. Тамоми аҳолии деҳа сарҷамъона ба истиқболи Наврўз баромада, тавассути тозаву озода ва ороста гардонидани муҳити атроф, омода намудани таомҳои наврўзӣ ва нишоту сарфарозиҳои умум ба ҳамдигар дар саҳмгирӣ дар кори боз ҳам ободу зебо гардонидани деҳа муваффақиятҳо таманно мекарданд.
Дар маркази фарҳангии Зумрадшоҳ, ки идгоҳи асосии сокинони ҷамоат маҳсуб меёфт, чун анъана дастархонҳои Наврӯзии бо таомҳои мансуб ба ҳафт шину ҳафт син орододашуда, таому хӯришҳои миллū ва дастранҷи ҳунармандони халқū ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Муассисаҳои томактабиву мактабӣ бошанд, иди гулҳову паррандаҳо ва намоиши маҳсули дастони хешро оростанд, ки шукўҳи ҷашни Наврўзро ҷилои тоза бахшиданд.
Кӯдакон бо бозиву шодū машғул буданду шеъру таронаҳои тараннумгари баҳору наврӯз аз забони онҳо хеле ширину гуворо садо медоданд.
Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён аҳли деҳаро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбош гуфта, дар радифи суннатҳои беҳтарини ҷашни ниёгон зарурияти ҳифзи сулҳу салоҳ дар сарзамин, саҳмгузорū дар раванди маъракаи бунёдкориву созандагū ва таҳкими риштаҳои дӯстиро байни сокинон таъкид намуд. Зимнан гуфта шуд, ки ки аҳамияти иҷтимоиву ахлоқии Наврӯз хеле бузург аст. Онро танҳо воситаи фароғату истироҳат ё худ шодиву сурур пиндоштан раво нест. Наврӯз нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи халқ, мизони ҳаракати сайёраҳо, вуруди соли нави мардуми ориёинажод мебошад. Аз ин рӯ, дар ҳамаи давру замон фарорасии Наврӯзро ҳамчун эҳёи нуру зиё ва файзу баракат бесаброна интизорӣ мекашиданд. Бузургтарин ҳикмати гузаштагони некноми мо «гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек» мебошад, ки имрӯз ҳам дастури амали ҳар фарди ватандору бофарҳанг ва баору номус бояд бошад. Ин ҳикмат дар сиришти ҳар шахс ахлоқи ҳамидаву меҳру садоқат ва покизагии рафтору кирдор мепарварад, дар баробари ободиву файзу баракати ҳар хонавода ба пешрафти нерӯмандии кишвар мусоидат менамояд.
Дар каломронии раиси ҷамоат Мубашира Мирзохочаева бо таъкиди барои тоҷикон азизу муқаддас ва гиромӣ будани ин ҷашни бостонӣ, ба мардуми Шаҳрак таманниётҳои нектарин садо доданд.
Воқеан, Наврӯз, ки яке аз ҷашнхои бузурги миллати мо маҳсуб меёбад, дорои таърихи кухан буда, бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ, Пешвои милат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳи пешинаи он дубора эҳё гардид. Баъди пазируфта шудани Наврӯз ҳамчун ҷашни ҷаҳонӣ, дар аксар кишварҳои олам ин идро бо тамоми расму оин ва анъанаҳояш таҷлил мекунанд. Дар Тоҷикистон низ мардуми сарбаланди тоҷик бо оростани хони наврӯзӣ, ба маъраз гузоштани хӯроку хӯришҳои наврӯзӣ, пухтани суманак ва иҷрои дигар расму оинҳои наврӯзӣ ин иди ниёгони худро дар сатҳи баланд қайд мекунанд.
Минбаъд дар вазъияти тантанавӣ ба як қатор пешқадамони соҳаи таълиму тарбия ва фаъолони деҳа Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҷамоати деҳоти Шаҳрак супорида шуд.
Бошандагони ҷамоати деҳоти Шаҳрак бо иҷрои расму оинҳои хоси наврузӣ бори дигар собит намуданд, ки онҳо посдорандагони мероси ниёгони худ ҳастанд.
Намоиши театрикунонидашуда, ки аз таърихи тавлиди Наврўз нақл намуда, бо арзишҳои волои маънавию ахлоқӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ҳамово будани ғояи таҷлили ҷашни ҷамшедиро ба таври возеҳ таҷассум месохт ва ҳунарнамоии санъаткорон табъи аҳли идгоҳро шод намуд.