Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Исфара

Сокинони шаҳру деҳоти Исфара бо шукронаи давлати соҳибистиқлол, ваҳдати миллӣ, раванди босуръати маъракаи бунёдкориву созандагӣ ва гиромидошти суннатҳои неки аҷдодӣ, арҷгузорӣ ва ифтихор аз ин мероси бузурги миллӣ Наврӯзи байналмилалиро истиқбол ва ҷашн гирифтанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара баҳри дар сатҳи баланд баргузор намудани тантанаҳои наврӯзӣ барномаи васею пурмаънӣ тарҳрезӣ намуд.
Чун таомули ин иди аҷдодӣ аз субҳ дар шаҳри Исфара ҳамагон баъди чанд рӯзи омодагиҳо ва тозаву покиза намудани манзилу макону маҳалли зист ва иштирок дар корҳои ободонӣ,ки аз суннатҳои асосии наврӯзист, ба идгоҳҳо баромаданд. Ин ҷашни бузурги миллӣ ва ҷаҳонӣ дар баробари некию накӯкорӣ, рӯшноӣ, оғози корҳои деҳқону кишту кори баҳорӣ, ҳидоятгари амалҳои хайрхоҳӣ ва ободкорию созандагист. Нахуст дар доираи тадбирҳои идона дар вазъи тантанавӣ, таҳти оҳанги суруди миллӣ Парчами давлатие, ки бо ташаббус ва саҳмгузории сокинон дар маҳаллаи Гузари Эшони маркази шаҳр бунёд гардидааст, барафрохта шуд.
Баландии пояи Парчам 33 метр буда, дарозӣ ва паҳноии матоаш 6 бар 3 метрро ташкил медиҳад.
Зимни ба ташаббускорон ва саҳмгузорон тақдим намудани сипосномаҳо тазаккур дода шуд, ки мардуми созандаю бунёдкори Исфара ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро бо пайгирӣ аз амалҳои писандида, бо армуғонҳои шоёни идона пазироӣ мекунанд ва аҳли маҳаллаи Гузари Эшон барои бунёди Парчами давлатӣ ихтиёран иқдом намуда, барои анҷоми он беш аз 80 ҳазор сомонӣ харҷ кардаанд. Бунёди чунин иншоот омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошти муқаддасоти Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон мебошад.
Дар ин рӯз ҳамчунин Маркази тозабунёди истеҳсолию хизматрасонӣ бо 25 ҷои корӣ ифтитоҳ бахшида шуд, ки аз коргоҳҳои дӯзандагӣ, хизматрасонӣ ва савдо иборат буда, дар оянда барои осон намудани мушкилоти сокинони деҳаҳои Навгилем ва Кулканд мусоидат хоҳад кард.
Дар шафати ин маркази тозабунёд майдончаи варзишии замонавие низ бунёд карда шудааст, ки ба ҷавонону наврасон имконияти хуби машқу тамринро фароҳам меорад.
Зимни боздид аз варзишгоҳи мазкур бо баробари ҳидояти насли наврасу ҷавон ба Ватандӯстиву хештаншиносӣ, болобарии дастовардҳои варзишӣ, ҳамчунин зикр ёфт, ки маҳз пойдории сулҳу субот ва самари соҳибистиқлоливу дастгирии сокинони мамлакат аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки чунин иншоотҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Чорабиниҳои асосии Наврӯзии исфарагиён бо ширкати меҳмонони сершумор аз гӯшаву канори мамлакат, минтақаҳои мухталифи Федератсияи Россияву шаҳри Тошканди Ҷумҳурии бародарии Узбекистон дар яке аз мавзеъҳои хушбодуҳаво ва зебо, дар байни боғоти дарахтони зардолуҳои гулпӯш сурат гирифтанд.
“Корвони Наврӯзӣ”, бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун бо садои карнаю сурнай, шиору навштаҷотҳои васфкунандаи Ватану Истиқлолият, баҳору Наврӯз ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Наврӯзгоҳ ворид шуданд.
Дар даромадгоҳи Наврӯзгоҳи саҳроӣ дар растаю хаймаҳои идона бо риояи анъанаҳои миллӣ суфраҳои наврӯзии ҳафт сину ҳафт шин ва таомҳои миллии хоси Наврӯз, шириниҳои миллӣ, суманак, маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва гаҳворасозӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.
Мардум дар гӯшаву канори Наврӯзгоҳ бо савту тарона, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ ва намоиши санъати пурғановати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол, меҳнати бунёдкорона ва пуршарафи мардуми он, фазои осудаву ороми Ватани маҳбуб ва орзуву ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро ситоиш мекарданд.
Дар Наврӯзгоҳ, дар вазъи тантанавӣ ақди никоҳи 10 ҷуфт аз ҷавонони саодатманд ба қайди расмӣ гирифта шуда, бо таманниёти нектарин ва зери қарсаки пурмавҷи издиҳоми ҷамъомада ба онҳо шаҳодатномаҳои ақди никоҳ тақдим гардид.
Доир карда шудани хатнасури 23 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ба онҳо супоридани тӯҳфаҳо бошад, аз ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонпарварӣ будани Наврӯз бозгӯйӣ мекард.
Мусобиқаҳои варзишӣ ва озмунҳои мухталиф бо ҷолибияту шавқоварӣ руҳияи аҳли идгоҳро болидатар мегардонид.
Аҳли тантанаи ҷашни фархундаи Наврӯзро раиси шаҳри Исфара ва намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, аз ҷумла тазаккур доданд, ки Наврӯз аз ҷашнҳои куҳани тоҷикон маҳсуб ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ суннатҳои хосаи наврӯзӣ эҳё гардида, маҳз бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора дар сархати ҷашнҳои миллии тоҷикон қарор гирифт ва ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфт.
Ҳамагон дар маҳфили наврӯзӣ умеду нияти барору баракати корҳои ободониву созандагиро аз Наврӯзи фархундапай мекарданд. Ин орзу таманниёти ҳамагон дар барномаи рангину пурмуҳтавои театрию ҳунарӣ низ таҷассум ёфт. Саҳнаҳои бедор шудани табиат, хандаҳои кӯдакону наврасон, шодию фараҳ аз расидани рӯзи нав- рамзи баҳору таманниёти бобои деҳқон ифода ёфт. Ҳамчунин саҳнаҳои Наврӯзи ҷамшедӣ, таронаҳо дар васфи баҳору Наврӯз бо иштироки дастаҳои ҳунарии шаҳру деҳоти Исфара таҷассумгари нияту орзуву омоли сокинони Исфараи бостонӣ баҳри шукуфоӣ буд.