SOS!!! САРҲАДБОНОНИ ҚИРҒИЗ ВА МАҚОМОТИ ҚУДРАТИИ ҚИРҒИЗИСТОН САЛИБИ СУРХРО БА ВОРУХ РОҲ НАДОДАНД!

Аз нимарӯзии 16 марти соли равон то инҷониб мошини Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх, ки ба деҳаи Ворух кӯмаки моддӣ мебурд, дар марз дармондааст.
Сарҳадбонони қирғиз ва мақомоти қудратии Ҷумҳурии Қирғизистон ба Салиби Сурх ҷиҳати иҷрои рисолати башардӯстонааш монеъ гаштаанд!
Мошини пурбори Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара дармондааст!

P.S.: -Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (Мухтассар: КБСС, англ. International Committee of the Red Cross; ICRC, фр. Comité international de la Croix-Rouge) — ташкилоти башардӯстонаест, ки фаъолияти худро дар саросари ҷаҳон, бо назардошти принсипи бетарафӣ ва беғаразӣ иҷро мекунад. КБСС ба зарардидагони низоъҳои мусаллаҳона ва муқовимати дохилӣ ҳимоя ва кӯмак мерасонад.
Оё Ҷумҳури Қирғизистон Конвенсияи Женеваро ба имзо нарасонидааст..?

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *