МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН АЗ КУҶО БОЯД ГУЗАРАД? ТАЪРИХИ ҚАЗИЯ

Мутобиқи нақшаҳо, харитаҳои тақсимоти маъмурӣ ва санадҳои меъёрии замони Иттиҳоди Шӯравӣ дарозии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳудуди вилояти Суғд 514 километрро дар бар мегирад, ки тақсимоти он дар навоҳии вилояти мазкур бад-ин қарор аст: дар ноҳияҳои Мастчоҳ 157 километр, Ғончӣ 56 километр, Спитамен 17 километр, Конибодом 43 километр ва Исфара 186 километр. Ҳудуди 145 ҳазору 200 гектар замини наздисарҳадии ноҳияҳои Мастчоҳ, Ғончӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен қаламрави баҳсбарангез ба шумор меравад. Дар ҳоли ҳозир 143 гектарашро сокинони Қирғизистон ва 2200 гектари онро шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамчун чарогоҳ истифода мебаранд.
Дар тӯли ҷаласаҳои комиссияи муштарак ҷониби Тоҷикистон чандин маротиба роҳҳои тақсимоти заминҳои баҳсбарангезро ироа кардааст, вале масъулони Қирғизистон онҳоро мутлақан рад кардаанд.
Ҷониби Қирғизистон ба Қарордоди таъсис додани ИДМ (соли 1991), Изҳороти Алмаато (соли1991) ва Созишномаи Маскав (15 апрели соли 1994) оид ба мустақилият, дахлнопазирӣ ва тамомияти арзӣ такя намуда, пешниҳод мекунад, ки хати сарҳади давлатӣ мутобиқи истифодаи воқеии он бояд кашида шавад. Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи фаъолияти комиссияи байнидавлатӣ, бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии мазкур, аз шинохти марзҳои ду кишвар мутобиқи санадҳои меъёрии замони муосир худдорӣ мекунад.
Дар ин бобат байни Тоҷикистону Қирғизистон вохӯриҳои зиёде гузаронда шудааст. 21 сентябри соли 2000 комиссияи байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис ёфта, ба фаъолият оғоз намуд. Вале аз рӯзи аввали таъсис ёфтани комиссияи мазкур ҷонибҳо дар масоили истифодаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сари созиш омада натавонистанд.
Ҷониби Тоҷикистон истифодаи маводи марбут ба тақсимоти миллӣ — территориявии солҳои 1924 -1927 — ро пешниҳод намуд. Вале Қирғизистон талқин менамуд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 истифода гардад. Ҷониби Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор истода, исрор намуд, ки қарори комиссияи муштараки соли 1989 аз марҳалаҳои ҳуқуқӣ нагузаштааст ва бинобар ин наметавонад санади меъёрии ҳуқуқӣ бошад. Аммо Қирғизистон чунин далел пеш меовард, ки агар зарурати тақсимоти қаламрав дар ин миён намебуд, пас солҳои 1938, 1939, 1949, 1958, 1959, 1961, 1987, 1989 комиссияҳои дигар таъсис дода намешуданд. Вале он комиссияҳое, ки Ҷумҳурии Қирғизистон мисол овардааст, на барои тақсимоти замин, балки ҷиҳати ҳалли масоили истифода ва обёрии заминҳо таъсис дода шудаанд. Зимнан ҳамаи онҳо низ марҳалаҳои қонунии лозимиро нагузаштаанд.
Дар соли 1990 бо хоҳиши Шӯрои вазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон барои гузарондани санҷиши ҳуқуқии санадҳои солҳои 1924 — 1929 оид ба тақсимоти миллӣ — территориявӣ комиссияи Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд, ки он қонунӣ будани маводи мазкурро тасдиқ намуд. Вале Қирғизистон ин тасмимотро ба инобат намегирад. 18 октябри соли 2006 дар мавриди истифодаи санадҳо оид ба тақсимоти миллӣ — территориявии солҳои 1924 — 1927 ва қарори комиссияи муштараки соли 1989 дар муайянсозии хати марзи давлатӣ дар қитъаҳое, ки онҳо ҳамзамон ба ҳарду санад мутобиқанд, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд. Дар мавридҳое, ки заминҳо якбора ба ду санад мувофиқат накунанд, пас бояд онҳо бетараф бошанд.

ВОРУХ ҲЕҶ ГОҲ ДАР БУНБАСТ ҚАРОР НАДОШТ

Дар ҳоли ҳозир 505 километр (51,2%) ҳиссаи аз марзи умумӣ марҳалаи делимитатсияро гузаштааст. Дар нуқтаи мазкур танҳо ду қаламрави номуайян – Олтин Мазор ва Шаттӣ (ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Мурғоб) мавҷуд аст. Онҳо то ба имрӯз баҳсбарангез буда, дар баррасии комиссия қарор доранд. Мушкилоти ҷониби қирғизҳо замоне сар зад, ки тақсимоти марзӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Ғончӣ оғоз гардид. Вақте сухан дар бораи ин қаламрав рафт, Қирғизистон қарори он санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки соли 1989 қабул шуда, қаблан ба он такя мекард, якбора инкор намуда, тасмими комиссияи муштараки солҳои 1957 – 1959 — ро, ки масъалаҳои истифодаи замин ва обёрии онро танзим намуда, ба манфиати Қирғизистон аст, ҳамчун асос қарор дод. Масалан, қитъаи Овчи — Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки дар мавзеи тақсими об аст, мутобиқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924 — 1927 ва 1989 ҳудуди Тоҷикистон мебошад.
Имрӯз Қирғизистон ба ҳуҷҷатҳои солҳои 1958 — 1959 такя намуда, иддао мекунад, ки қитъаи мазкур ба ӯ тааллуқ дорад.
Соли 2012 чаҳор ҷаласаи муштараки комиссия доир гардид, вале дар аксари онҳо натиҷаҳои дилхоҳ ба даст наомаданд. Ҷонибҳо ба чунин қарор расиданд, ки то пайдо намудани далелҳои кофӣ ҷаласаи муштаракро қатъ намуда, маводро дар бойгониҳои Федератсияи Русия ва Ӯзбекистон ҷӯё шаванд. Санадҳои меъёрии иловагии аз бойгониҳои Русия ёфтшуда мавқеи Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Дар онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳо тасдиқ ва нишон дода шудааст, ки ҳудуди Ворухи ноҳияи Исфара дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон анклав – дар бунбаст набуда, балки ба шаҳри Исфара пайваст шуда буд.
Анклав (аз калимаи лотинии inclavo — бо калид қулф кардан) – ин ҳудуд ё қисме аз ҳудуди як давлат аст, ки аз ҳама самт аз ҷониби сарзамини давлати дигар иҳота шудааст. Ворух мутобиқи асноди тоза пайдошуда низ, зери чунин муқаррарот нест.
Дар охири солҳои 80 – ум, Қаҳҳор Маҳкамов котиби якуми КМ ҲК Тоҷикистон буд, дар асоси ҳуҷҷате бо имзои собиқ раиси Шӯрои вазирон Иззатулло Ҳаёев, дар ҳудуди байни ҷамоатҳои Хоҷаи Аъло ва Ворух ба қирғизҳо барои истифодаи муваққатӣ 350 гектар замин ҷудо шуда буд. Ин заминҳо то ҳол бозгардонда нашудаанд.
Дар робита ба ин гуфтаҳо, он далел ҷолиб аст, ки дар «Харитаи ҳудудҳои баҳсбарангез»-и ҳарбии бойгонии шӯравие, ки Тоҷикистон дастрас кардааст, аз дара (бо нишебии кӯҳҳо) ва гиреҳи обанбор, ҷое ки ҷониби Қирғизистон ҳоло қасди сохтани роҳро дорад, ҳудуди Тоҷикистон аст. Бинобар ин, чунин ба назар мерасад, ки Оқ — Сой ҳам мисли Ворух дар бунбаст қарор дорад. Ин ҳолат дар харитаи ҳарбии Амрико дар соли 1955 ҳам тасдиқ шудааст. Дар баробари ин, дар он Ворух умуман дар муҳосира — анклав набуда, балки ба Тоҷикистон пайванд ва Оқ — Сой низ мутааллиқ ба Тоҷикистон омадааст.

МУҚОВИМАТИ ХУШУНАТОМЕЗ

Дар аввали соли 2013 аз ҷониби сокинони деҳаи Оқ — Сойи вилояти Ботканди Қирғизистон 3 маротиба роҳ баста, 5 ҳолати муноқишаҳои наздисарҳадӣ сабт шуд. Бо мақсади ҳалли масоили баҳснок соли гузашта (соли 2014) 7 мулоқоти дуҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Ботканд, шаҳри Исфара ва мақомоти қудратии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Аз оғози соли 2014 аллакай 3 маротиба чунин мулоқотҳо доир шуданд. Вале, мутаассифона, дар ҳалли ҳеҷ масъалае оид ба истифодаи обу замин, сохтмони роҳу иншоот ҷонибҳо то ба охир ба мувофиқа наомаданд.
Ба гуфтаи раиси ҷамоати Оқ – Сой, беш аз 20 миллион доллари ИМА ҷудо шудааст, то онҳо аз Оқ — Сой то дарёи Кирафшон роҳ созанд. Мақсади ниҳоии сохтмони мазкур тағйири масири дарёи Кирафшон аст, ки шохоби дарёи Исфара буда, мутааллиқ ба Тоҷикистон аст. Дар ин ҳолат Ворух, Чоркӯҳ, Исфара, Конибодом ва қисмате аз қаламрави Ӯзбекистон аз обҳои дарёи Исфара маҳрум хоҳанд монд. Ҳамчунин қирғизҳо қасд доранд дар қаламрави баҳсбарангез роҳи Оқ — Сой — Тамдиқ — Боткандро бисозанд. Дар ҳоле ки бо айби ҷониби қирғиз сохтмони пули байналмилалӣ ва роҳи Маскат, ки ҳам барои Тоҷикистону ҳам барои Қирғизистон судманд буд, мавқуф гузошта шуд. Барои аз байн бурдани ихтилофҳои марзии бепоён, ягона роҳи ҳалли созанда делимитатсияи муносиб ва аломатгузории марз ба шумор меравад.

Илҳом Кулиев,
коршиноси мустақил

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *