Аламҳо тоза шуд

Воқеаҳои 13-14 марти соли равон, ба шаҳодати навбатӣ расидани ду ҷавонмарди тоҷик Ҳакимов Ҳусейн ва Тешаев Расоиддин, ки яке сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва дигаре бошандаи рустои Ворух дар задухӯрди марзӣ аламҳои кӯҳнаи ин водиро тоза кард. Қурбонии бачаҳои тоҷик аз дасти қавми “қӯйчӣ”, дар гузашта подабону чӯпони миллати тоҷик — қирғиз нахустин воқеа маҳсуб наёфтааст.
6 июни соли 2004 Шораҳмат Раҳимов сокини 20 солаи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз дасти сарҳадбонони қирғиз ба ҳалокат расид. Ҳарчанд дар ВАО ҶҚ шарҳ дода шудааст, ки Шораҳмат Раҳимов сарҳадро убур кардааст ва тавассути доскалла ба афсарони қирғиз ҳамла намудааст, вале дар асл, он замон марзҳои ду ҷониб аниқ карда нашуда буд ва афсарони сармаст аз Раҳим, ки ба ҳезумчинӣ баромада буд, маблағ мепурсанд, дар ҳолати иҷро нашудани талаботи хеш мағзи сари ҷавонмардро ҳадаф мегиранд. Аз ҷониби котиби масъули Қушунҳои сарҳадии амнияти миллии ҶҚ Гулмира Борубаева вокуниш дода шуда буд, ки афсарон дар ҳолати худҳифозат ба тарафи муқобил тир кушодаанд.
Соати 3 –и шаби 19 — 20 августи соли 2013 чор узви як хонавода: Халоқов Абдуқаҳор-падар, соли таваллуд 1952; Халоқова Муҳтарама-модар, соли таваллуд 1953; Мамадҷонова Гулчеҳра –духтар, соли таваллуд 1975, Халоқов Иноятулло –писар, соли таваллуд 2000 дар кулбаи худ аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳи қирғиз ба шаҳодат расидаанд.
6 июли соли 2015 сокини 18 солаи деҳаи Чоркӯҳ Боборизо Ризоев, ки бо як ҷаҳон орзуву омол аз қайди Маркази миллии тестӣ гузашта, ихтисосашро интихоб намуда, ба имтиҳонот омода медид, дар ҳудуди замини зодгоҳи худ бо шариконаш ба бозии футбол машғул буд, ҳини бозӣ аз тири нохалафи моваромарз ба ҳалокат расид.
Теъдоди ин ҳодисаҳои мудҳиш ва то ба ҳол омилҳояш ошкорнагашта зиёд аст, ҳатто баъзе ҳолатҳои талафоти ҷонӣ расонагӣ нашудаанд, пӯшида мондаанд. Кунун аз таъсири воқеаҳои охир аламҳои кӯҳнаи мардуми рустоҳои Воруху Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло тоза шуда, ҳазорон дастҳо сӯи осмон бардошта шуда, то шарри ҳамсояи бадро аз сари мардуми тоҷик Худованд рафъ намояд.
Ин қавми худонашнос аз он ки ҳаққи ҳамсоя баробари Худост, ғофиланд ва ин фармудаи Расули Исломро ба инобат намегиранд, мардуми тоҷик бошад, таърихи мадид аз суннату русуми миллӣ ва аз сабру таҳаммулу таомулҳои ҳамсоядорӣ истифода намуда, қирғизро бар сари худ забардаст кардаанд ва ин тоифа рӯз аз рӯз аз сифоти таҳаммулпазирии миллати мо сӯйистифода намуда,онро ҳатто ба танз кашида, хушунатҳои гӯшношунидро ба кори маъмулӣ табдил додаанд. Ин қабилаи ҷангҷӯву даранда бо фарҳангу одоби ҳамсоядорӣ ошно нест, зиндагии кӯчиву бодиянишинӣ онҳоро ба газидани дасти нондиҳанда ва ба сулҳу ҳамкорӣ дарозкарда хӯ гирондааст.Вақте бо хеш садоқат надоранд, магар ба қадри ҳамсоя мерасанд.Ҳайвонтабиатӣ аст муносибати онҳо дар марз, камоли ҳамнишинашон (манзур аз чорпоҳо аст) бар ҳамсояҳои бад сахт асар кардааст.
М.Ҷавҳарӣ