Дидори аскарбача

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солгарди навбатии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба қисми низомии 02 267 -и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Корвони модарон таҳти унвони «Дидори аскарбача» ташриф овард.
Ба корвон беш аз 50 модарон шомил буданд ва ҳар нафаре аз онҳо барои сарбозон дар арафаи ҷашни саид бо худ савғотиҳои идона, дар шакли нону кулча ва фатирҳои ширмол, самбӯса ва шириниҳои лазизу меваҷот оварда буданд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва муовини раиси вилоят Турахонзода Баҳоваддин Баҳодурхон, ки дар ин рӯз ба таҳниятгӯйии ҳайати шахсии қисми низомӣ омада буданд, аз ташкили чунин як чорабинии муассиркунанда изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми модаронро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат номиданд ва таъкид доштанд, ки идома додани чунин иқдом дар ҷодаи қадршиносии ҳомиёни Ватан ва таҷассуми якмаромиву ягонагии артишу халқ басо муҳим аст.
Раиси шаҳр, муовини раиси вилоят ва ширкатдорони корвони модарон аз макони хизмату истироҳат, тамрингоҳҳо, амборҳои нигаҳдории маводи озуқа ва хобгоҳи ҳайати шахсии қисми низомӣ дидан намуда, бо шарту шароитҳои будубоши аскарон аз наздик ошно шуданд.
Зимни сӯҳбат бо аскарону афсарон бо баробари арзи ташаккур ба онҳо барои масъулияти баланди сарбозӣ, хизмати содиқонаи шабонарӯзӣ ва таъмини амнияту осоиши сокинони мамлакат, аз ҷумла гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин сипари боэътимодест, дар муқобили ҳамагуна кӯшишҳои нооромсозии маҷрои муътадили зиндагии мардуми кишвар ва неруи тавоноест дар ҷабҳаи пеши таҳкими дастовардҳои Истиқлолияти милливу давлатӣ.
Минбаъд суҳбати гарми ширкатдорони корвони модарон ва ҳайати шахсии қисми низомӣ сари дастархони таоми нисфирӯзии сарбозон идома ёфт.
Бино ба гуфти мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шаҳлохон Абдуманнонова корвон дар ин рӯз ҳамчунин дар меҳмонии ҳайати шахсии қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақар дар шаҳри Исфара қарор дошт.