Дар ҷаласаи Шӯрои занони шаҳр

Дар ҷаласаи Шӯрои занони шаҳр, ки бо ширкати аъзоёни Шӯро, раисони Шурои занон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, фаъолзанон баргузор гардид, аз фаъолияти Шӯро дар соли 2018 натиҷабардорӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян карда шуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои вазъи пошхӯрии оилаҳои ҷавон, сабаб ва омилҳои он, таъмини иҷроиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тасдиқи нақшаи корӣ барои шашмоҳаи аввали соли 2019 ва ҳайати Шӯро баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба масъалаҳои зикршуда мувофиқан баромадҳои мудирони шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шаҳло Абдуманнонова, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Муҳиба Ёқубӣ, бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Мансурхӯҷа Бафоев шунида шуданд.
Зимнан баромадкунандагон нуктаҳои умдаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 тазаккур дода, бо баробари таҳлили амиқу ҳамаҷониба ҳаллу фасли таъхирнопазири муаммоҳои ҷойдоштаро таъкид доштанд.
Дар раванди ҷаласа ҳамчунун нозири минтақавии Шуъбаи — 2-юми ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара Одинамоҳ Саидова, раисони Шӯрои занони ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ Махфират Обидова ва Чоркӯҳ Н. Авезова дар робита бо масъалаҳои баррасишаванда изҳори назар карданд.
Ҷаласа вобаста ба ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул намуд.