Қасри фарҳанги шаҳр макони баргузории чорабинии

Қасри фарҳанги шаҳр макони баргузории чорабинии асосии форуми соҳибкорони Исфара — муҳокимаи панелии масъалаи «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа» қарор гирифт.
Нишаст таҳти сарварии раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин сурат гирифта, дар толор намояндагони котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Исфара, консулгарии генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд, сардорон ва аъзоёни Ассосиатсияҳои соҳибкорони зодаи шаҳри Исфара дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Новосибирски Федератсияи Россия, соҳибкорони маҳаллӣ, ҳунармандони мардумӣ ва намояндагони сершумори расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва маҳаллӣ ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни он нахуст раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар назди ҳозирин «Дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, омилҳои рушди соҳибкорӣ ва беҳдошти фазои соҳибкорӣ дар шаҳри Исфара» маълумот пеш овард.
Зимнан нақши соҳибкорон дар иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, ғановат бахшидани буҷети давлатӣ, бунёди иншоотҳои муҳими истеҳсолӣ ва савдову хизматрасонӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳал ва дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ назаррас ва муҳим арзёбӣ карда шуд.
Ҳамзамон зикр ёфт, ки саҳмгузорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар тақозо мекунад, ки иқтидори истеҳсолии 47 корхонаҳои саноатии шаҳри Исфара афзун гардонида шуда, иловатан бояд даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ бунёд гарданд. Дар анҷоми ин кор бахши соҳибкорӣ бояд нақши калидӣ дошта бошад.
Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар радифи зикри самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда зарурати ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар ҷодаи афзун намудани ҳаҷми истихроҷи нафту газ, бунёди корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушк, истеҳсолкунандаи маҳсулоти гӯштӣ ва консерва дар шаҳрро тазаккур дод.
Дар иҷрои нақшаҳои тарҳрезишудаи сесолаи «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба равнақи ҳунарҳои мардумӣ ҷалб гардидани ҳамагӣ 3400 нафар сокинони шаҳру деҳоти Исфара нокифоя арзёбӣ гардида, дар ин самт низ фаъолнокии бештари соҳибкорон тақозо шуд.
Раиси шаҳр бо баробари ёдрасӣ аз ҷаҳду талошҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои созгор баҳри рушди соҳибкорӣ, аз ҷумла манъи тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар солҳои 2019-2020, даъват ба амал овард, ки соҳибкорон бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ дар раванди созандагии Ватан бояд бештар саҳмгузор бошанд.
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар бо баробари ба самъи иштирокдорони форум расонидани паёми шодбошии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода изҳори умедворӣ кард, ки чорабинии мазкур ба барқарорсозии шӯҳрати қаблии шаҳри Исфара, чун яке аз шаҳрҳои муҳими саноатии мамлакат мусоидат мекунад.
Номбурда зимнан изҳор дошт, ки Исфара яке аз шаҳрҳои дорои мутахассисони сершумор ва тавонои соҳаи кимиё мебошад ва дар ин ҷо бунёди корхонаву коргоҳҳои вобаста ба ин соҳа мувофиқи мақсад мебуд.
Ҳамзамон чанд соли охир дар боби ба мушоҳида расидани тамоюли тадриҷан коҳишёбии содироти меваи хушк аз вилояти Суғд, аз ҷумла аз шаҳри Исфара изҳори нигаронӣ карда шуд.
Муовини аввали раиси вилоят тазаккур дод, ки ҳамасола ба Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи беш аз 10 миллион доллар нӯшокиҳои ташнашикану машруботи спиртӣ ва 40 миллион доллар маҳсулоти қаннодӣ ворид карда мешаванд ва дар сари ин масъала низ соҳибкорон бояд амиқ андеша намоянд.
Роҳбари котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Шараф Шерализода ва директори Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Усмониён дар баромадҳои худ бештар дар сари масъалаҳои зарурати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои нав, дастгирии давлатии бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ таваққуф намуда, аз имтиёзҳои аз ҷониби давлат нисбат ба соҳибкорони ватанӣ додашуда ёдовар гардиданд.
Зимнан гуфта шуд, ки бинобар дар дар сатҳи паст қарор доштани сатҳи маърифати молиявию иқтисодии соҳибкорон, камбудиҳои ҷиддӣ доштан ва аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ асоснок набудани лоиҳаҳое, ки ба сармоягузорон пешниҳод мешаванд, соли 2017-ум танҳо як соҳибкори шаҳри Исфара – директори ҶДММ «Субҳи Ватан» Эрматов Абдуманнон тавонист тавассути пешниҳоди лоиҳаи ҳамаҷиҳата асосноккардашудаи истеҳсолӣ ба гирифтани 1,8 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок мушарраф гардад. Дар ҳоле, ки тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ то имрӯз дар 50 шаҳру ноҳияи кишвар барои 168 лоиҳаи тиҷоратӣ 243 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода дар навбати худ дар робита бо таҳия ва қабули қонунҳои мусоидаткунанда ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар мақоми олии қонунбарори мамлакат маълумот пеш овард.
Вобаста ба масъала ҳамчунин баромади муовини директори Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Шарифзода низ шунида шуд.
Муовини Консули генералии Федератсияи Россия дар шаҳри Хуҷанд Алексей Закриничный дар навбати худ аз муносибатҳои неки анъанавӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия изҳори қаноатмандӣ намуда, ба рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи соҳибкорӣ таъкид намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ниҳоди ӯ дар доираи ваколатҳои худ дар таҳкими равобити мутақобилан судманди байни доираҳои соҳибкории вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Исфара ва Федератсияи Россия мусоидат хоҳад кард.
Минбаъд дар толор вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои муҳокимагардида муколамаи озод ҷараён гирифт.
Дар рафти он соҳибкорон бо баробари миннатдорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таваҷуҳи хосаву дастгирии домии бахши соҳибкорӣ ва ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара барои ташкили чунин як чорабинии муфид, омодагии хешро ҷиҳати таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳо, сохтмони корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, муассисахои маорифу тандурустӣ, таъминоти мактабҳо бо компютерҳо, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, кӯдакистону майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ва сартарошхонаву кошонаҳои ҳусн изҳор доштанд.
Дар анҷом ба соҳибкорони барои сохтмони иншоотҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иқдом намуда қарорҳои раиси шаҳри Исфара оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин ва Сертификати истифодабарии он, ба чанде аз иштирокдорони форум барои саҳми арзанда дар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши соҳибкорон, таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, барои иштироки фаъолона дар семинар-машварат бо соҳибкорони маҳаллӣ ва форуми соҳибкорони Исфара сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.
Барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.