Коммунистпарастии падару босмачигарии писар, чӣ маъно дорад?

(Тадқиқоти журналистӣ «Оид ба озмоиши ахлоқии Салимпул бо тахаллуси «Ҷонона», масъули иттилоотии СПИИ дар Аврупои Шарқӣ»)

“Ҷонона”, лақаби тозаинтихоби Мирзо Салимпулро ин ҷо тасодуфан зикр накардаем. Ҳамин ҳоло, ки баҳсҳои муҳаррири сомонаи “Ахбор.ком”, гумоштаи собиқадори Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ-Мирзои Салимпурро дар шабакаи иҷтимоӣ мехонем, ҳамон “Ҷононае”, ки иддае аз ҳамкасбонаш ӯро бо ин лақаби маҳрамона ном мегиранд, пеши назарамон меояд.

“Ҷононае”, ки олуфтавор шабеҳи ғизолони ҳарамхонаи амири манғитӣ хиромон қадам мезанаду хумори пасмондаву резахӯрони наҳзатиро ба қадри малмус мешиканад. Барҳақ, ”Ҷонона”-и хуморшикани иттилоотӣ якҷоя бо рафъ кардани хастагиҳои “секс”-и ғарбӣ бо “сӯфимашрабӣ”-и наҳзатӣ. Ин ҷумлаи охир бренди рафторӣ ва сиёсати иттилоотии Салимпул дар соли 2019 аст.

Коммунист Сангак Салимов
Бинобар тангии фурсат, бозтоби каҷравиҳои ахлоқии Салимпулро ба рӯзи дигар вомегузорему матлаби мазкурро ин тавр номгузорӣ менамоем: раҳоии як шахси гумроҳ аз вартаи ҳалокату буҳрони шадиди равонӣ ва қиссаи ҷолиби коммунистпарварии падар Салимов Сангак ва босмачидӯстии писар Салимов Мирзо Сангакович, яъне ҳамон ноздонаи “Ҷонона”. Мирзо Салимпур – ғайбатчине, ки ангушти шашуми ҳизби берешаву бун-наҳзатӣ-босмачӣ аст. Аммо боз ҳам дар ҷабҳаи манҳустарин қувваи динӣ-ифротӣ қарор гирифтаасту рӯҳи ҳазрати қиблагоҳии коммунист тавариш Сангакро чапу рӯ мекунад. Пешопеш барои “чу гуфтӣ сухан далелаш биёр”, ҳуҷҷати таърихиро айнан меорем. Инак, далели бебаҳс: Санади №46 аз 14-уми январи соли 1984.
Он санад аз нусхаи Қарори Совети депутатҳои халқии райони Ҳисори РСС Тоҷикистон, ки ба забони русӣ аст, иборат мебошад: “Решение Гиссарского районного совета народных депутатов” от 14-го января 1984 года “Об избрании первого заместителя председателя Исполкома Гиссарского районного Совета народных депутатов, председателя Совета РАПО, коммуниста, тов.Салимова Сангака – депутатом от избирательного округа №116 (Имзоҳои Гулов Т., Зиёбекова М.)”

Дар ихтиёри ҷавонпатриотҳо санади дигареро (рақами сабтӣ № 90 аз 05-уми августи соли 1991) ҳам дар бораи падари Мирзо Салимпур – Салимов Сангак қарор медиҳем. Ин санад (дар поён замима мегардад) дар бораи ҷаласаи ячейкаи коммунистони ноҳия “Дар бораи ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор рафиқ Салимов Сангак” мебошад. Дар ин санад гуфта мешавад: “Шӯрои депутатҳои халкии ноҳияи Ҳисор қарор мекунад: Аз сабаби барҳам дода шудани иттиҳодияи агросаноатии ноҳия рафиқ Салимов Сангак, коммунисти фаъол аз вазифаи ҷонишини раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияи Ҳисор озод карда шавад (Имзо Раиси Шӯро-комитети иҷроия Ҷ.Мансуров).

Протоколи Сессияи панҷуми Шӯрои депутатҳои ноҳияи Ҳисор аз 25-уми апрели соли 1991 ҳолати аҷибро барои таърих сабт кардааст: «Дар бораи пешниҳоди комиссияи Шӯрои депутатҳои ноҳия оид ба минбаъда истифода бурдани бинои совхози ХУКПАРВАРИИ ба номи «Ҳисор» (маърӯзачӣ Салимов Сангак, ҷонишини якуми раиси ноҳия).
Салимов Сангак Салимович соли 1960-ум ба деҳаи Мортеппаи ноҳияи Хисор омада, соли 1968-ум ба Яқубова Бибимоҳ, духтари Шариф-лақай (?), раиси колхози Жданови ноҳияи Ҳисор оила барпо намудааст. Соҳиби 3 фарзанд. Тағоҳои Салимпур авлоди падариашро одам ҳисоб намекарданд ва муносибати хубе надоштанд (!!!???….). Сабабаш мегӯянд ҳамон ҷанҷолдӯстдориву пархошгарии авлодӣ будааст. Хислате ки аҳён-аҳён дар рафтори Мирзо чун бемории ирсӣ зуҳур меёбад.
Салимов С. аввал дар селхозтехникаи ноҳияи Хисор ва соли 1985 сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҳисор шуда кору фаъолият намудааст. Салимов С. соли 1990 директори фабрикаи Сачоқбарории ноҳияи Шаҳринав таъин гардида, соли 1994 ба нафақа баромадааст. Соли 2014-ум аз бемории сактаи дил аз олам даргузаштааст. Салимов Содиқ, бинобар нафрати шахсӣ доштан нисбат ба собиқ қумандони Фронти халқӣ Сангак Сафаров номи худро аз Сангак ба Содиқ расман иваз кардааст. Ин кор соли 1992 зери таъсири наҳзатиҳо анҷом дода шудааст.

Босмачигарии авлодӣ
Тадқиқот нишон дод, ки 3 насл муқаддам аҷдоди Мирзои Салимпур аз ноҳияи Нурободи ҳозира ба водии Ҳисор кӯч баста, амалан решапайванди мустақим бо боқимондаи саркардаи босмачиҳо Фузайл Махсум дар минтақаи Қаротегин доштаанд. Хунбаҳои муаллимаҳои кушташуда дар ноҳияи Ғарм дар солҳои 20-уми асри гузашта, ки тарафдори ҳукумати шӯравӣ буданд, ҳама бар сари ин авлод аст.
Шоҳидони ҳол қоиланд ва ин ҳам ҳуҷҷатгузорӣ гардидааст, ки бо барқарор шудани ҳукумати советӣ, чун бобокалонҳои Мирзо Салимов (ҳоло Салимпур) иштироки фаъол дар қатлу куштори мардуми бегуноҳ ва кормандони давлатӣ доштанд, хонахез аз ин водӣ фирор карда, аз ҷавобгарӣ дар назди қонун сар мепечанд. Аслан кореро ки Салимпул такрор мекунад. «Оянда роҳнамое ҷузъ таърих надоштааст». Хислатҳое аз қабили давлатбадбинӣ, нафрат ба кормандони ҳукуматӣ, овозапароканӣ, муллову балвопарастӣ, митингбозӣ, надоштани эҳсоси миллӣ дар вуҷуди ин хомакаҷ решаи авлодӣ дошта, аз аҷдодони босмачиаш ба мерос гирифта шудааст. Аз ин лиҳоз, вақте Салимпур босмачиҳою наҳзатихоро ҳимоя мекунад, ӯ амалан ба ҳимояи аҷдодони худ даст мезанад.

Салимпур лаганбардор ва таблиғгари навбосмачиҳо
Собиқаи корӣ ва фаъолияти падари коммунистро бо санад собит сохтему ҳоло бармегардем ба ақибравиҳои писари навриши босмачӣ Салимпул. Касе ки дар хати бунёд кардани халифати исломӣ ва ифротияти такфирӣ қад алам кардааст, ки бемуҳобо агар қиблагоҳаш зинда мебуд, ин аслбохтаҳои хурофотпарасти ғарбзадаи ҳамҳизбаш, ӯро кофир эълон мекарданду ҷанозаашро раво намедонистанд.
Кашишу ҷазабаи Салимпур ба ақидаи босмачизм-наҳзатизм ва эҳёи ин ҳаракатҳои ақибмондаи асримиёнагӣ дар махзани шайтонии «Ахбор.ком», паҳлӯҳои норавшанеро аз шаҷараи авлодии Салимпур ифшо месозад. Рост мегуфтаанд, ки хун сӯи хун мерафтааст.
Хонандаи ҷавон, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидааст, ба муаррифии бештари Салимпур ниёз дорад. Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби тахрибкорӣ ва худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракати хатарноки наҳзатӣ, вале дар асл зиддимардумӣ пайвастааст. Чун мактабро хатм карда буд, мақолаҳои зидду нақиз менавишт, режими собиқаро нақд мекард, аз худ қаҳрамон метарошид. Касе аз аслбохта ва каҷрав намепурсид, ки ту кӣ ҳастӣ? Бо ин ному насаби шубҳанокат ва бо ин решаҳои авлодии олудаат бо ин миллат чӣ умумият дорӣ? Ин музахрафоти ту, ба кӣ даркор аст?
Тарафдории наҳзатиён Салимпурро як бор аз Ватан фирориву бе хонаву дар кард. Ғарибнишин намуд. Марди оқил дарро пӯшад, панҷараро барои рӯзи мабодо боз мемонад, ба истиснои Салимпур, ки раги босмачигиаш қавитар аз ақидаҳои коммунистии падараш будааст. Бале, хонандаи закӣ, падари Салимпур коммунисти ашаддии ноҳияи Ҳисор дар гузаштаву писар ҳоло наҳзатпарасту дар думи домуллоҳои охундӣ кашолу овезон. Дар ҳошияи ин таноқузоти ақлӣ, саволе ба вуҷуд меояд, ки коммунистпарварии падару босмачидӯстдории писар чӣ маъно дорад? Бо нони ҳукумат калон шуда, сангандозии Мирзо Сангакович Салимпур ба кадом ақли одамӣ рост меояд? Ин ҷо чӣ сир пинҳон аст?
Бубинед, дар Аврупо хабарнигорони чирадасте ба ҳар сабабу омил будубош доранд, ки яке аз онҳо Саймуддин Дӯстов мебошад, ки дар касбият, навиштану таҳлил як сару гардан аз ин «папа Роза»-и Салимпур боло аст. Аммо ин шахс мулоҳизаҳои дурнамои миллиро ба инобат гирифта, дар бисёр маврид хомӯширо авло медонад. Салоҳдиди манфиати миллатро дарк мекунад.
Салимпур, падарсолори дӯрӯғгӯён бошад, бо баҳонаи иттилоотрасонӣ ба мухолифоне ки рақиби сиёсии давлат мебошанд, минбар додааст, он қадар дурӯғ коридааст, ки ҳисобаш гум аст. Саркардаҳои ҳизби ифротиро чеҳраву ниқоби дунявӣ пӯшонида, доимо тарғиб мекунад. Наҳзати исломӣ ҳизби террористӣ эълон шудааст, ки ин истилоҳи устувори ҳуқуқист. Салимпур бошад ба онҳо қонунмандии демократӣ мебахшад. Бо пуррӯӣ нишон медиҳад, ки мухолифи тафсири расмии қонунӣ нисбат ба воқеаҳост.
Салимпур аз ҷумлаи афродест, ки танҳо пазириши арзишҳои ботил ва хоми ифротиро дораду худхоҳу мағрур аст, ба инсонҳо нафрати беандоза дорад, ҷанҷолдӯстдору пархошгар аст. Агар ин хислатҳо ёру ёвари М.Салимпур намебуд, оё ба минбари ифротзадаҳо табдил меёфт? Нерӯи эътирозии бемавридашро нисбат ба ҳамватанонаш сарф намекард. Дар майдони шаҳидон «Роҳи мо роҳи Алист, бирав гум шав коммунист» намегуфт. Ин хабарнигори шариатмадори кабирипараст бо ёрдамчиҳои «манбаъи иттилоотӣ»-аш ғайбату дурӯғро дар бораи вазъияти ҷумҳурӣ дар пеши хоҷагонаш чаппаву воруна нишон медиҳад ва бар ивази он хоҷагонаш ба назди ӯ устухоне мепартоянд.
Дар фарҷоми муколама мо аз Салимпур бинобар олудагиҳои ахлоқӣ ҳаргиз талаби тавба намекунем. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, фақат муроҷиат менамоем, ки дар наздиктарин фурсат аз масири зиддимиллии «мирзодикак»-и ташкилоти террористии наҳзат раҳо шавад ва бар ормонҳои давлатӣ баргардад.
Намехостам ба иззати нафси ҷононаамон расам, аммо вақте дидам, ба ҷуз хиёнаткориҳо ба ҳамкасбони худаш, ӯ ҳамзамон ба Давлату Миллат хиёнат кардааст, хостам, чанд маълумотро ёдовар шавам.
Дар сурати қабул нашудани ин хитобнома, атояшро ба лиқояш мебахшем: «Лавлалҳумақову лахариб-уд-дунё» (Агар аҳмақон намебуданд, дунё хароб мегардид), мегуфтанд дар урфият. Дар ин мақоли халқӣ калидкалима вожаи «Аҳмақ» аст, ки синоними номи гӯёи Салимпур дар фазои маҷозист.

Мадоро Муросоев, махсус барои «Ахбор.ком»

Ва аммо баъд P.S.: Лақабҳоеро, ки ба «шарофат»-и хокпошаки наҳзат шудан, Мирзо Сангакович Салимпур аз ҷониби хонандагони бедор номгузорӣ гардидааст, инҳоянд: «Падари дурӯғгӯён», «қофиласолори дурӯғгӯ», «Фитнаангези бериё», «Ҷорчии навбосмачиҳо», «Думрави такфириҳо ва оқибатуламр: “Салимпул”, «Дурӯғпардози наҳзатӣ», “Чонона”…
Агар фаъолияти ин «хабаркаш» идома ёбад, яқин аст, ки Мирзои Салимпул аз ин баъд ба Мирзои Салимгул ва туғритараш ба Пан Мирзо фон Жозеф Салимпулский по кличке “босмач” тағйири ном хоҳад кард. Зеро ба ҳар роҳу восита пули муфт кор кардан дар зершуури ин хабарнигори беору тундгаро афзалияти калидӣ касб кардааст.