Рӯзи дарҳои кушод дар қисми низомии 02267

Дар доираи таҷлили 26-солагии Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тарғибу ташвиқи хонандагон баҳри дӯстдории Ватан ва ҷалби онҳо баҳри хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 02267-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки ҷавонони синни тодаъватӣ рӯзи дарҳои кушод ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 400 нафар хонандагони синфҳои болоии макотиби таҳсилоти умумии шаҳри Исфара аз вазъи буду боши сарбозон ва шароити хизмати онҳо бохабар гардиданд.
Хонандагон аз шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, силоҳи ҷангӣ, ошхона, майдони варзишӣ ва дигар иншооти ҳарбӣ дидан намуда, аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозони қисми низомӣ аз наздик огаҳӣ пайдо намуданд.
Дар навбати худ афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ аз вазъи хизмати ҳарбӣ, тартиби хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ, дарси мардонагию шуҷоат маълумот дода, таъкид доштанд, ки имрӯзҳо дар қисмҳои низомии кишвар тамоми шароити зисту истироҳат ва хизмат фароҳам оварда шудааст. Ҳамзамон аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки қарзи шаҳрвандии худро ба василаи хизмат ба Қувваҳои мусаллаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо намоянд

Ин гуна чорабиниҳо барои аз наздик ошно шудани сарбозони оянда бо хизмати Модар-Ватан ва минбаъд ихтиёран худро номнавис кардан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *