Шашмақом

Дар Кохи фарханги маркази шахр бо иштироки дӯстдорон ва алоқамандону ҳаводорони мусиқии асил – «Шашмақом» консерти хисоботии ансамбли халкии шашмақомсароёни Исфара баргузор гардид.

Сарояндагони хушадои ансамбл тахти сарварии Хофизи халкии Точикистон Исроилчон Файзиддинов ба мухлисони худ суруду навохои классикии «Уфари Мирзокурбон», «Насруллои», «Чи дони», «То ба кай», «Кашкарчаи савти ушшок», «Калъабанди» ва гайрахоро бо истеъдоди баланди навозандаги ва махорати волои сарояндаги пешкаш намуданд.
Садсолаҳост, ки мероси пурмоя ва гаронқадри ниёгони бозаковат ва ҳунарманд –санъати макомхони дар Исфара эътибори хоса дорад.
Чун сухан дар бораи мактабҳои маъруфи мақомхонӣ меравад, олимони санъатшинос номи шаҳри Исфараро дар сархати номгӯйи
чунин мактабҳо, дар радифи шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Панҷакент зикр мекунанд, зеро таърихан дар ин шаҳрҳо суннати мақомсароӣ шӯҳрат касб карда буд.
Аз ҷумла, дар Исфара дар қарни 19 ва оғози асри 20 мактаби суннатии мақомхонӣ мавҷуд буд, ки бузургтарин намояндагони он устодон Умар Ҳофизи Исфарагӣ ва Зебопарӣ ба шумор мерафтанд.
Ҳавзаи ҳунарии Исфара ба шарофати ҳунари волои ромишгари мумтоз, вориси сазовори устодони шуҳратёр Зебопарию Умар Ҳофиз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Мирзоқурбони Солеҳ ба пайдо шудани сабки тозае ноил гардида, ки бо сабки Исфара маъруфият дорад.
Зимни баромади худ раиси шахри Исфара Саломзода Сичоуддин аз чумла таъкид дошт, ки макомоти ичроияи Хокимияти давлатии шахри Исфара дар партави супоришу дастурот ва дар пайгири аз икдомоти дар ин самт пешгирифтаи Асосгузори сулху вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон бахри рушди шашмаком пайваста тадбирчуиву мусоидат менамояд. Аз ин чост, ки бо дастгирии МИМХД ансамбли халқии «Шашмаrом» расман ҳамчун ансамбли давлати фаъолият дорад.
Рохбари Ансамбли халкии «Шашмаком» — Исроилчон Файзиддинов, хунармандони хушсалика Исмончон Юсупов, Лутфуллохон Файзиев, Изатулло Шукуров, Озода Бобоева, Абдукави Исмонов, Нигина Исомадинова бо Сипоснома ва тухфахои хотирави сарфароз гардонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *