АЗ “НАҲЗАТ” ТО “БОСМАЧИГАРӢ”

Дар замони муосир ва умуман дар таърихи чандинсолаи миллати куҳанбунёди тоҷику тоҷикистонӣ мафҳумҳои “босмачӣ” солҳост, ки аз фикру андешаҳои мардум фарсангҳо дур шуда, дар хотири мардуми сулҳпарвару ватандӯст ёдрас намешуд. Имрӯз ин мафҳум, махсусан, барои ҷомеа ва ҷавонони кишвар хеле норавшан аст. Зеро имрӯз мафҳумҳо ва амалҳое, ки ба мардум даҳшату зӯроварӣ, ноадолатӣ, хиёнаткориву ватанфурӯшӣ ва дурӯягиро ташвиқ мекунад, ба миён омадааст, ки огоҳӣ пайдо намудан ба падидаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ҷомеаи имрӯза хеле муфид мебошад.

Солҳои охир, Раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ аз шахсиятҳои сиёҳи сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон маҳсуб шуда, дар давлатҳои исломӣ ва хориҷӣ маҳз бо риёкориву дарёфти маблағҳои муфт, ҳамчунин ташвиқи исломи ҷангҷӯву террористӣ ном баровардааст. Ин корҳои анҷомдодаистодаи Кабирии лагандбардори хориҷиён ва Кӯри Юнуси Бурҳонови косалесаш моро ба ёди корномаҳои босмачиҳои аввали асри ХХ чун Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Кӯри Шермат ва дигар ҳаммаслакони ӯ меандозад. Чуноне ки аз таърихи ин замон бармеояд онҳо мардуми оддиро талаву тороҷ карда, ба хонадони онҳое, ки доро буданд ё ин ки занони зебо доштанд зӯран муҳосира карда, онҳоро ба ҷабру зулми ваҳшиёнаи худ гирифтор мекарданд. Дар ҷомеи имрӯз, ҳамин гуна кор ва пайкорҳои нангинро афроде чун Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ чун Кӯри Юнусу Илҳом Ёқубови савдогар амалӣ сохта истодаанд, ки аз назари метод ягона ва аз ҷиҳати шакл дигаргунатар аст. Ин ашхос мехоҳанд, ки пеш аз ҳама зеҳни ҷавонони камсавод ва хурофотиро, ки исломро ба дараҷаи кофӣ намедонанд ва аз номи ислом баромад мекунанду худ итоат намекунанд насли камсаводро заҳролуд сохта, мехоҳанд онҳоро ба доми худ кашанд ва ё бо ҳар роҳ ва ҳилаву найрангҳо аз роҳи солим ба роҳи низоъу гумроҳӣ ва хиёнаткорӣ тела намоянд.
Зеро ашхоси зикргардида низ бо кӯмаки давлатҳои исломӣ ва дигар хориҷиёнаш кӯшиш намуда истодаанд, ки амнияту осоиштагии кишварро халалдор сохта, аз як ҷиҳат манфиати моддӣ ба даст оранд аз ҷониби дигар бисёр мехоҳанд, ки сиёсати давлатиро низ дар ихтиёр дошта бошанд. Барои ин манфиатҳо ва ғаразҳои шахсиашон аз ҳеҷ пастигариву ноҷавонмардиҳо рӯ намегардонанд…
Ин гурӯҳи ифротзада бояд дар хотир дошта бошанд, ки боз намудани саҳифаҳои махсуси аkhbor.com, payom.net ва амсоли инҳо дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва суханҳои фаҳшу бемантиқ маънои ҷонибдорӣ ва таблиғу ташвиқро надошта, баръакс аз корҳои палиду сиёҳ ва бегонапарастиву ҳангомасозиҳои беасоси “Паймони миллии Тоҷикистон” бозгӯӣ мекунад.
Имрӯз ин ашхоси дар ба дари хориҷиён маълум сохта истодаанд, ки онҳо дар назди давлату миллат ва дар назди хурду бузурги миллати тоҷик чун вазни холис курбе ва ё заррае арзиш надоранд.
Аз ин рӯ, чун Кабирӣ ва пайравони ӯ аз босмачиву босмачигарӣ ҳарф мезананд пас мо мардуми тоҷик дар симои онҳо “Босмачиёни асри ХХI”-ро мебинему барояшон нафрат мехонем.
Бобоҷони Хайриддин – дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *