Паём- раҳнамо ва ҳидоятномаи халқ

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо мақсади ба сокинони шаҳру деҳоти Исфара фаҳмонидани нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ бо интихобкунандагон мулоқотҳо доир мекунанд.
Мулоқоти навбатӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода дар маҷмааи фарҳангии «Зумрадшоҳ» доир гардид.
Муовини аввали Раиси шаҳри Исфара Содирхон Қосимӣ вохӯриро ифтитоҳ намуда, гуфт, ки тибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Шўрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аъзои Ҳукумати мамлакат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро дар шаҳру навоҳии кишвар мегузаронанд. Аз ҷумла, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода бо сокинони шаҳру деҳоти Исфара ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом медиҳад.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода зимни баромади хеш аз ҷумла таъкид дошт, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, дарвоқеъ, фарогири ҳамаҷонибаи масоили иқти-содию иҷтимоӣ, фарҳангиву маданӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва амниятии кишвар буда, бо зикри наҷибтарин дастовардҳои таърихии соли 2018, аз ҷумла оғози расмии татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22-юми марти соли 2018; мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон НБО «Роғун» ва ҳалли масъалаҳои дар тӯли зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон шурӯъ гардид.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзу ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон таҳти раҳнамоиҳои Пешвои миллат фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва беҳбуди вазъи бозори меҳнат ҳадафи олии худ эълон намудааст.
Вакили мардумū Мавзуна Шамсиддинзода доир ба нуктаҳои дигари Паёми Пешвои миллат низ маълумоти муфассал дод.
Иштирокдорони мулоқот дар навбати худ ҳамовозии хешро ба Паёми имсола иброз дошта, қайд карданд, ки дар пиёда сохтани нуктаҳои он якҷоя софдилона меҳнат намуда, сиёсати давлатро амалӣ мегардонанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *