Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфара корҳои ободониву кабудизоркунӣ бо маром идома дорад.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам дар доираи тадбирҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинони Исфараи бостонӣ дар самти тозакорию ободонӣ ва кабудизору гулзоркунӣ амалҳои назаррасро рӯйи кор оварда, ҳамзамон саъю кӯшиш бар он доранд, ки ин гӯшаи зебоманзари кишварро ба минтақаи ҷолиби сайёҳӣ табдил диҳанд.
Аз ин ҷост, ки дар давоми маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулкорию кабудизоркунӣ дар баробари идораю сохторҳои марбута истиқоматкунандагони шаҳру деҳот ва кормандони ҷомеаҳои гуногуни меҳнатӣ фаъолонаю босамар ширкат меварзанд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин росто аҳли меҳнати ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад” аҳлонаю дастҷамъона фаъолият дошта, дар натиҷаи саъю кӯшиши босамару чашмраси онҳо Осоишгоҳи хушманзару овозадори Зумрад беш аз ҳар вақти дигар зебою ороста гардидааст.
Ахиран бо ибтикори роҳбарияти осоишгоҳи Зумрад ба ин ҷо зиёда аз 2500 адад дарахтони ороишӣ ва сояафкани нодир оварда шуданд.
Бо баробари он, ки кормандони осоишгоҳ гӯшаву канори ин макони фароғатиро бо дарахтони навъҳои гуногуни сояафкан оро медиҳанд, ҳамчунин тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади ободу хуррам гардонидани роҳи марказӣ ба самти осоишгоҳ бо истифода аз рӯзҳои мусоид корҳои ниҳолшинониро дар ин ҷо низ вусъат бахшанд. .
Маъмурияти осоишгоҳ мутобиқи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба як макони боз ҳам зебову дилнишин мубаддал гардонидани ин мавзеъ, бо тавсияи мутахассисони соҳа аз кишварҳои хориҷ намудҳои гуногуни дарахтони ороишию гулу буттаҳои зебо ва ба саломатии инсон фоидаовар ворид кардаанд.
Дар умум, «Зумрад» ояндаи наздик қабои наву рангин ва ҷозибу ҷолиб ба бар гирифта, бо симо ва намои дилрабояш як гўшаи афсонавии Исфараи биҳиштосо мегардад.