Боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Маҷмааи «Ваҳдат» дар Исфара

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари худ ба шаҳри Исфара, ки 28 декабри соли 2018 сурат гирифт, нахуст аз Маҷмааи қабул ва гусели меҳмонон «Ваҳдат», воқеъ дар даромадгоҳи шаҳр дидан намуд.

Мавсуф ҳамзамон бо изҳори қаноатмандӣ аз корҳои бунёдии анҷомдодашуда ва шинонидани чанд ниҳоли ҳамешасабз дар гулбоғи маҷмаа баҳри тақвиятбахшии корҳо дар самти ободонии ҳудуд ва гирду атрофи иншоот ба раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин супоришу тавсияҳои мушаххас дод.

Тазаккур бояд дод, ки Маҷмааи қабул ва гусели меҳмононро бо ташаббусу иқдоми шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин мардуми бунёдкори шаҳр, ҷомеаҳои меҳнатӣ, соҳибкорон соли равон бо саҳмгузории умум бунёд намуда, иншоот дар Рӯзи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода дода шуда «Ваҳдат» номгузорӣ гашта буд.

Арзиши корҳои сохтмонии анҷомдодашуда дар иншооти мазкур беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо бидуни харҷи маблағҳои буҷетӣ бунёд шуда, нишони сарҷамъии аҳли ҷомеа ва фазилати созандагию бунёдкории мардуми Исфара аст.