Дар ҳошияи матлаби «Ногуфтаҳо»-и Додољон Атовуллоев, ки рўзи 13 декабри соли 2018 дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст

Дар ҳошияи матлаби «Ногуфтаҳо»-и Додољон Атовуллоев, ки рўзи 13 декабри соли 2018 дар саҳифаи фейсбукиаш нашр шудааст
Дар љавлонгоҳи сухан ҳар кас бо сеҳру эъљози ќаламаш ворид мешавад ва дар сабќати маъниофари қувва меозмояд. Барои нишон додани нерў ва ќудрати сухан муаллифро минбарҳои баланд, рўзномаву маљаллаҳои пурљило, сомонаҳои хоса ва харљи маблағҳои ҳангуфт зарурат надорад, балки доштани маҳорати суханвари кофист.

Ғарази муќаддимаи боло маълум кардани мавќеи як саҳифаи фейсбукии Додољон Атовуллоев дар радифи садҳо саҳифаи фейкии чоплусони наҳзати, сомонаҳои иғвоангезу дурўғбофи «командаи келинҳо»-и Муҳиддин Кабири мебошад, ки маќоли «як задани оҳангару сад задани сўзангар»-ро ба ёд меорад. Ба ибораи дигар, дар фазои маљози худи Додољон Атовуллоев кофист, ки посухи тамоми командаи беҳунарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломро диҳад.
Дирўз дар саҳифаи фейсбукии рўзноманигори тољик Додољон Атовуллоев нигоштаеро бо унвони «Ногуфтаҳо» хондам. Дар ин матлаб аз заъифиҳои сардори ташкилоти террористи — ифротии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабири ва тарафдорони ў бисёр пуртаъсир сухан меравад. Баъд аз мутолиаи «Ногуфтаҳо» гуфтаниҳои зиёде вирди забони ҳар хонандаи он пайдо мешавад, ки вобаста ба муҳтавои матлаб андешаҳои мо чунин аст:
Нахуст, Додољон Атовуллоев «тамоми «бозёфтҳои» Кабириро аз Темур Вараќи то кадомин Муминовае, ки бо номи «Хоҳар Ҳумайро» машҳур аст, Худозадаву бахтбаргашта унвон медиҳад, ки ҳаќ бар љониби ўст.
Сониян, ин марди сухан даъвати «миёнаравҳо»-ро љиҳати иттифоќи Атовуллоев бо Кабири ба далелҳои асоснок рад карда, мегўяд: «бо Кабири пайвастан хиёнат ба озоди, хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст». Ба иловаи ҳамин гуфтаҳо месазад гуфт, ки пайвастан бо Кабири, ки ба ќавли худи Атовуллоев «намунаи беҳтарини олами ҳайвоноту наботот» аст, хиёнат ба тамоми инсоният мебошад.
Солисан, ба андешаи зерини Додољон Атовуллоев, ки дар шакли даъво аз «насиҳатфармоёнаш» ифода ёфтааст, сад дар сад љонибдорем. Талаби Додољон Атовуллоев аз «насиҳатфармоён», ки ба баҳси миёни ўву Кабири хотима гузоштан мехоҳанд ва ин баҳсро ба суди ҳукумат тарљеҳ медиҳанд, чунин аст: «… барои ман давлати Тољикистон муҳимтар аст. Роҳи Кабири роҳ ба љазирист. Роҳ ба асри миёна. Роҳ ба сўи толибони ниќобпўш ва галстуку шляпаву кепкапўш аст. Носеҳони гиромулќадр, худро бошед».
Ҳамчунин дар ин гуфтоварди чун устухон дар гулўи палидони наҳзати дармонда ќазияи аз ислом даст кашидани Кабири ва минбаъд худро ҳамчун «лидери оппозитсияи тољик» муаррифи кардани ў мавриди интиќоди Додољон Атовуллоев ќарор гирифтааст, ки дар навбати худ тавонистааст портрети аслии Кабирии террористиро тасвир ва ногуфтаҳои ҳар фарди худогоҳу бонанги тољикро дар ин хусус ифода бикунад. Додољон Атовуллоев бо ба миён гузоштани суоли аљибе мавќеи Кабирии худбохтаро дар олами терроризм чунин арзёби мекунад: «…одаме, ки ба номи Худо карйера сохт, аз харсавори ба мерседессавори гузашт, имрўз аз номи Худову динаш даст мекашад, магар метавонад мавриди эътиќод бошад?… Агар Кабири худро роҳбари к..нтеҳои Тољикистон эълон кунад, бутпараст ё бехудо эълон кунад ҳам, Кабири барои ман як шогирди ношуди Ал-Бағдоди хоҳад монд. Ал-Бағдоди бо Калашников мекушад. Ал-Файзободи бо тўҳмату бўҳтон. Бо макру ҳиял. Аз паси парда. Аз паноҳгоҳ».
Дар фарљоми сухан Додољон Атовуллоев падари фитнагарони бахтбаргашта – Ал-Файзободиро ба баҳси озоду рў ба рў (чи дар фазои маљози ва чи дар мизи музокира) даъват кардааст, ки мо онро беҳтарин насиҳатнома барои Кабири мешуморем.
Додољон Атовуллоев ба Кабири таъкид намудааст, ки ба умеди чанд фейку чанд гумном нашавад. Ваќти он фаро расидааст, ки мисли ҳар марди соҳибном саҳфаашро дар Фейсбук фаъол кунад ва дар майдон мардона мағлубиятро ба сар гирад. Бас аст аз паси парда «сиёсатбози» кардан, бо макру ҳиял, бо найрангу дасиса, бо дурўғу буҳтон аз рўи сенарияҳои обшуставу беоќибат наќшофари намудан! Оќибати роҳи каљ ҳамин аст, бандаги, шармандаги, сарафкандаги!
Дар ҳошияи ин Посухи дандоншикани Додољони Атовулло ба Кабири ва тамоми косалесону ољизакони ў андешасозиҳо зиёданд ва бешак аксари андешамандон гуфтаҳои Додољони Атовуллоро љонибдори карда, дар пайравии ў селаи номаҳои лаънату нафринро бар сари бахтбаргаштагони наҳзати рехта истодаанд. Зеро ин навишта:
1. Пурра ҳаќиќати ҳолро дар хусуси касифию палидию разилию ҳаќирию љазирии Кабири ва бодовардаҳои ташкилоти террористиаш ифода кардааст;
2. Симои аслии хоинони миллат – Кабири ва пайравони ўро, ки бо ҳар ниќоб ва аз паси пардаи ҳиллаву найранг баромад мекунанд, ба љомеа шиносонидааст;
3. Нотавонию заъифии командаи ҳарзагўёни ТТЭ ҲНИ-ро, ки маблағҳои бузурги хољагони Кабириро бо намоиши беҳунаронаи «театри лўхтак» дар Аврупои асри ХХI ба боди фано медиҳанд, ошкоро маълум намудааст;

Кодир Рухов, таҳлилгар