Тазоҳуроти навбатӣ дар қолаби сенарияи наҳзатӣ

Чанд рӯз аст, ки дар расонаҳои иғвоангезу дурӯғпарокану мубаллиғи Ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ хабари баргузор намудани гирдиҳамоӣ, ки гӯё барои озод намудани зиндониёни сиёсӣ баргузор карда мешавад, ба таври густарда таблиғ мешавад.

Агар жарфтар ба номи созмондиҳандагони ин гирдиҳамоӣ назар намоем, маълум мегардад, ки аслан инҳо нафаронеанд, ки барои гирифтани паноҳгоҳи сиёсӣ гоҳу ногоҳ чунин намоишҳои ба қавли худашон, «эътирозӣ»-ро баргузор мекунанд. Таври маълум, «Анљумани озодандешони Тољикистон» лоиҳаи навбатии ТЭТ ҲНИ мебошад, ки ба хотири рӯйпӯш намудани гузаштаи худ, роҳбарони ТТЭ ҲНИ онро ташкил намудаанд. Ду-се «хӯсаи сиёсӣ»-е, ки аз номи ин ташкилот суханпароканӣ мекунанд, на фаъоли љомеа ҳастанду на љонибдори пешравии љомеаи Тољикистон. Темур Варқӣ, Равшани Темуриён, Сайидюнуси Истаравшанӣ, Ҳакими Раббимпур нафароне ҳастанд, ки ба хотири манофеи шахсӣ аз дину мазҳабу маҳаллу миҳан беибо сӯйистифода мекунанду дар охир камбудиву норасоиҳои инфиродишонро риёкорона ба намоиш гузошта, дар сатҳи созмонҳои сиёсии аврупоӣ пуштибонҳои қавӣ пайдо кардан мехоҳанд. Бахусус, котиби масъули ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон М.Садриддин бо ҳарзаву ҳазёноти худ саҳифаҳои расонаашро пур мекунад, чандест, ки ба истилоҳ, флешмобро ҳангомасозӣ менамояд.
Аз рӯйи навиштаи сомонаҳои наҳзатӣ, санаи 10 декабри соли 2018, соати 10 ба вақти Олмон, бо ибтикори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон фаъолият мекунад, гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор мешавад. Эълону рекламаи ба ном тазоҳуроти наҳзатӣ, ки бар пояи зиндониёни сиёсӣ роҳандозӣ мешавад, фазои маљозиро фаро гирифтааст. Барои љалби муҳољирон ба ин флешмоб ва ё тазоҳурот наҳзат ва қувваҳоли наҳзатӣ аз ҳар навъ механизми иттилоотию мафкуравӣ ва сиёсӣ истифода мебаранд. Вале нуқтаи муҳим дар ин масъала ин аст, ки дар Љумҳурии Тољикистон зиндониёни сиёсӣ нестанд ва нафаронеро, ки наҳзат ва неруҳои ба наҳзат вафодор ба сифати зиндониёни сиёсӣ муаррифӣ менамоянд, як мушт хурофотианд, ки дар асоси љурмҳои кардаи худ пушти панљара қарор гирифтаанд.
Қаблан эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар пойгоҳи созмони «Анљумани озодандешони Тољикистон» нашр гардид. Чуноне ки медонем, неруҳои наҳзатӣ, ғолибан аз ҳувияти миллӣ орианд ва бар асоси мафкураи танги сиёсӣ ва мазҳабӣ меандешанд, ба истиснои чанд нафари онҳо, ки тавассути найранги сиёсӣ ва политтехнологияи муосир истилоҳоти маъмулии «миллат», «озодӣ», «демокросӣ», «инсонмеҳварӣ», «арзишшиносӣ» ва амсоли инҳоро корбаст намуда, ба чашми мардум хок мепошанд. Онҳо Ҳукумати Тољикистонро бар он гунаҳкор медонанд, ки наҳзатиёнро пушти панљараи зиндон нишондааст. Аммо, тавре ки арз кардем, дар зиндонҳои Тољикистон зиндониёни сиёсӣ нест ва чанд исмеро, ки наҳзатиён ва ҳамандешони онҳо тазаккур медиҳанд, ҳаргиз зиндонии сиёсӣ ба ҳисоб намераванд. Аз ин рӯ, пофишориҳои наҳзатӣ дар заминаи озод кардани зиндониёни сиёсӣ бепоя мебошанд.
Барои ҳамагон маълум аст, ки исломи сиёсӣ аз гузашта дида, имрӯз ба сифати хатар ва таҳдиди глобалӣ на танҳо Тољикистон, Осиёи Марказӣ, балки љаҳонро мавриди таҳдид қарор медиҳад. Эътилоф ва тавофуқу ҳамкориҳое, ки дар заминаи бурузу ҳузури исломи сиёсӣ ва терроризми динӣ-мазҳабӣ миёни давлату кишварҳои минтақавӣ ва љаҳонӣ бунёд ёфтаанд, ҳаққонияти таҳдиду хатари исломи сиёсиро таъйид мекунанд. Љиддияти масъала дар он аст, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ ва қудратҳои минтақавию љаҳонӣ дар бозиҳои сиёсию геосиёсӣ аз исломи сиёсӣ ва ҳаракатҳои тундраву террористии динӣ-мазҳабӣ истифода мекунанд ва дар сармоягузории ташкилотҳои террористию экстремистӣ саҳми муносиб мегиранд. Ин нуктаро дар пуштибонии молиявию мафкуравӣ ва сиёсии созмонҳои тундраву террористӣ(аз љумла ТТЭ ҲНИ), ки ғолибан дар шакли сиррӣ-пинҳонӣ амалӣ мегарданд, метавон ба хубӣ мушоҳида кард. Аз ин љост, ки сиёсатҳои дустандарта ноамнию бесуботиро дар нуқоти даргири сайёра тадовум мебахшанд.
Бояд қайд кард, ки тазоҳуроте, ки санаи 10 декабр қарор аст дар назди Сафорати Тољикистон дар Олмон баргузор гардад, таъсиргузор нахоҳад буд ва ноком хоҳад шуд. Чаро?
Аввал, барои он ки пуштувонаи мардумӣ надорад ва љомеаи тољик, чи дар дохил ва чи дар хориљ аз он пазироӣ намекунад.
Дувум, на наҳзат ва на дигар гурӯҳҳои мухолифи Ҳукумати Тољикистон дар хориљ ба манфиати миллӣ ва давлатӣ кору фаъолият намекунанд ва танҳо вонамуд менамоянд, ки дар хидмати миллат қарор доранд.
Севум, саркардагони тазоҳурот нафаронеанд, ки хурдтарин хидмате ба мардум ва љомеаи тољик накардаанд, ба љуз суханпароканӣ, сиёҳкунӣ, бадномсозӣ, шиорзанӣ ва фазлфурӯшӣ.
Чаҳорум, тазоҳуроти навбатӣ (албатта, агар баргузор гардад) спектакли навбатии наҳзатист ва дар он аллакай нақшҳо ва бозигарон аз ҳисоби артистони аъзои ТТЭ ҲНИ ва думравони онҳо баргузида шудаанд ва нақшҳояшонро тибқи сенарияи қаблӣ иљро хоҳанд кард.
Панљум, намояндагони љомеаи маданӣ ва созмонҳои сиёсии аврупоӣ ҳам ин ба ном флешмобро ба сифати тамошобин наззора мекунанду халос. Ин ҳам ба хотири риояти демократия ва озодандешӣ, ки мароми давлатҳои ғарбиро ташкил медиҳад. Дар акси ҳол, ба он эътиное намекунанд ва эътиборе намедиҳанд. Муҳол аст, ки ин навъ тазоҳуроти наҳзатӣ тамошобоб бошад! Ҳоло мебинем, ки қазия чӣ ранге мегирад ва агар тазоҳурот сурат бигирад, танҳо мазмуни тамошоеро мегираду бас.

Фарҳоди Султон , коршинос

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *