Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҷавонону варзишгарон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара
Имрӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфараи вилояти Суғд мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ва раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо ҷавонону варзишгарон ва фаъолони ҷамоат баргузор гардид.
Нахуст, раиси шаҳри Исфара баромад намуда, ташрифи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро ба шаҳри Исфара хайрамақдам намуда, иброз намуданд, ки ҷавонону наврасони шаҳри Исфара аз иқдомоту ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, сиёсати оқилонаи Роҳбари давлатро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи хеш намуда истодаанд.
Ҷавонону варзишгарон, аҳли ҳунар ва аҳли ҷамоати шаҳри Исфара дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устувор буда, бо азму иродаи қавӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон талош намуда истодаанд – иброз намуд зимни суханронӣ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин.
Зимни мулоқот раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иброз намуданд, ки Истиқлолият ва Ваҳдат бузургтарин дастоварди миллати тоҷик аст, ки баъди ҳазор сол барои миллати тоҷик бо заҳмату талошҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар он рӯзҳои сахту сангин барои миллати тоҷик маҳз сиёсати дурбинона ва оқилонаи Роҳбари давлат буд, ки миллатро аз нестӣ ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, имрӯз Тоҷикистонро ба як кишвари ободу осуда ва пешрафтаи дунё табдил додааст. Мову шумо бояд арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати комили миллӣ ва арзишҳои бузурги миллиамонро ҳимоят намоем.
Талошу заҳматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардани Ваҳдати миллӣ, сулҳу амонӣ ва якдиливу як мароми назир надорад. Ва мову Шуморо зарур аст, ки аз сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, сарсупурдагӣ, созандагиву бунёдкориро аз мактаби ватандӯстонаи Пешвои маҳбуби кишвар омӯзем ва чун пайравони асили Пешвои миллат дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани маҳбубамон камари ҳиммат бандем, — зикр намуд зимни суханронӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам.
Дар охир, аз ҷониби ҷавонону варзишгарон ва сокинони ҷамоат ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва зиндагии орому осуда миннатдорӣ баён карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби волонтёрони Маркази ҷавонони деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар охир барномаи зебои фарҳангӣ ба намоиш гузошта шуд.