Мотам дар хонаи ТТЭ ҲНИ ва «Паём.нет»-у «Ислоҳ.нет»-у «Ахбор.ком» дар арафаи ба истифода додани  НБО-и Роғун

То ба истифода додани иншооти бузурги аср – НБО Роғун рӯзҳои башумор мондаанд, вале ба ном расонаҳои иттилоотӣ, ки таҳти сарпарастии аҷнабиён қарор доранд, бо ғазаб ва кинаву истеҳзо матлаб омода мекунанд.

Оташи сӯзони ғазаб, асабоният, эҳсосоти баланди тамасхур, кинаю адоват, дурӯғи бесобиқа, гуфтори зишт, кӯтоҳандешиву ноҳинҷорӣ, лаҳни бади аъзоёну пайравони ТТЭ ҲНИ ва мухбирони  сомонаи «Паём.нет», «Ислоҳ.нет» ва «Ахбор.ком» боло гирифта,  тамоми ҳастиашонро зери по гузошта, ба боди фано додааст.

Аксари чунин сомонаҳо аз рӯи ангезаву хусумат ба давлату миллати тоҷик менигаранд ва симои аслии мунофиқонаи худро ошкор мекунад, ки зидди рушду тараққиёт ва пешрафту шукуфоии ин сарзамин ҳастанд. Дар ҳоле мардуми сарбаланди тоҷик солҳо интизори ин рӯзи фархунда буданд ва бо шодиву сурур дар арафаи ба истифода додани агрегати авали НБО Роғун омодагии ҳамешагӣ мегиранд.

Ҳадафи бадгӯии онҳо дур кардани таваҷҷуҳи мардум аз бахши умдаи иқтисодиёти кишвар буда, миёни сокинон тухми кинаву адоват кориданӣ мешаванд. Онҳо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори ба истифода додани НБО-и Роғун нестанд ва пайваста талош мекунанд, ки дар рушду нумуи мамлакат монеаҳо эҷод созанд. Ин аломати афзоиши хусумату бадбинӣ аст. Ҳамин инро метавон бо як сухан иғвогарии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳои ба он наздик монанди «Паём.нет», «Ислоҳ.нет» ва «Ахбор.ком» номид. Мақсади асосии сомонаҳои наҳзатӣ фақат иғвогарӣ буда, ба тафриқаандозӣ ва ҳарзагӯии зиддидавлативу зиддимиллӣ машғул мебошад.

Сомонаҳои «Паём.нет», «Ислоҳ.нет» ва «Ахбор.ком» дар ин раванд бо табиати бетафовутӣ, ноогоҳӣ ва аз ҳама даҳшатнок фурсатталабиро ба намоиш гузошта, манфиати гурӯҳии худро аз масъалаи умумимиллӣ боло мегузоранд. Чунин вебгоҳҳо ҷанбаи муғризона, авомфиребӣ, фурсатталабӣ, нотавонбинӣ дошта, бар асари бухлу кина ва нафрату бадбинӣ фаъолият доранд.

Душманони миллат хиради олӣ, андешаи возеҳу ростқавлӣ ва родмардии мардуми тоҷикро мебинанду ба он чашми ҳасуд медӯзанд. Воқеиятро мебинанду наметавонанд ҳамчун инсон ҳақиқатро қабул кунанд. Онҳо дар гирди номи ватан, давлат, ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ҳар гуна дурӯғу буҳтонро пеш меоранд, таҳриф мекунанд. Дар ин сомонаҳо мақолаҳои зиёди фармоишӣ нашр мешаванд, ки зидди давлат будану аз хоҷагон ҷонибдорӣ карданашонро ошкор месозад.

Хидмати кӣ боарзиштар аст: дурӯғгӯй, ҷангандоз хоин,  кӯтоҳандеш, бадгӯй, ноҳинҷор, лаин, ғуломи хоҷагон, ватанфурӯш ва ё ватансоз, сулҳовар ва ҷонфидои халқ. Бе гуфтугӯй хизмати сулҳовар аз ҳама чиз болост. Қуввае наст, машъали дар торикӣ афрухташударо хомуш гардонида тавонад.

Ф.Фаррухзода