Тантанаҳои имсолаи исфарагиён ба ифтихори Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоати шаҳраки Нурафшон баргузор гардиданд.

Дар раванди ҷамъомади тантанавӣ, ки дар саҳни ба таври идона орододашудаи шаҳрак сурат гирифт, муовинони раиси шаҳр, кормандони масъули мақомоти иҷроия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷомеаҳои меҳнатӣ, аҳли фарҳангу адаб, омўзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва сокинони сершумор ҳузур доштанд.

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро ба муносибати солгарди навбатии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу намуд.

Дар маърӯзаи раиси шаҳр аз ҷумла гуфта шуд, ки » Дар таърихи навини мардуми Тоҷикистон қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.
6 ноябри соли 1994 дар давраи ниҳоят ҳассоси сиёсиву иҷтимоӣ, дар замоне, ки ҳанӯз оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо бо дарки масъулияти бузург тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қонуни асосии давлат — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Солҳои амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.
Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи моро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷонибдории давлате раъй дод ва онро ҳамчун ояндаи худ интихоб кард, ки дар ин давлат волоияти қонун ҳукумрон буда, ҳамаи аркони давлатдорӣ аз ҳуқуқ сарчашма мегиранд.
Баъд аз қабули Конститутсия дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлатро ба танзим даровард ва барои суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам овард.
Конститутсия, ки метавон онро шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат номид, бори нахуст Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуд, забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва рамзҳои давлатии мамлакатро муайян кард, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ ва халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд».
Минбаъд намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати Агентии давлатии суғурта ва ҳифзи иҷтимоии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Бахтиёр Эҳсонзода ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони шаҳру деҳоти Исфараро аз номи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати санаи фархунда таҳният гуфт.
Минбаъд, ба собиқадорони набардҳо баҳри барқарорсозии сохти конститутсионӣ Сипосномаву мукофотҳои пулӣ ва ба як қатор собиқадорони ҷабҳаи меҳнат тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара супорида шуд.
Барномаи ҷолиби фарҳангии васфкунандаи Истиқлолияти давлативу бахтномаи миллат, фазои осудаи ороми кишвару мардуми меҳнатқарини он анҷомбахши чорабинӣ гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *