ФАВРӢ: Ахбор.ком дурӯғгӯ ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст

(Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- AKHBOR.COM-и Мирзои Салимпур)

ДУШАНБЕ, 27.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Лозим ба ёдоварист, ки соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ фирорӣ-Ахбор.ком, ки мутааллиқи Мирзо Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд) нашр шуд.

 

Маълумоти Ахбор.ком (Мирзо Салимпур) дар бораи он, ки саркардаҳои номаълуми Бадахшонро гӯё касе пешвоз мегирад, дурӯғи маҳз ва гузаро аст. Ягон аҳамияти арзишӣ ин иттилоот аз лиҳози баҳогузории маълумот надорад.

Ахбор.сом, ки рейтингаш дар чоплусиву, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст,   ин гапи дурӯғро аз Кӣ? Кай? Аз куҷо? гирифта аст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сирф баробар аст ва дурӯги маҳз аст. Журналисти каззоб ва беусул.

Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯғ гирифтааст ва шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:

  1. Сараввал, ин чор нафарак ба ном «лидер» нею, саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин, термини устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро таърихи 22.10.2018с. барои таърих сабт намудааст. Инхо лидер нестанд рохбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;
  2. Дуюм каззобиву дурӯғгӯйи ахбор.сом дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои иттилоотии ҳилагари он, ёфтаву бофтаҳои худро ҳақикати мутлақ пиндошта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, фиреб мекунанд.
  3. Ҳилаи шаръии ахбор.сом дар васвасаҳои шайтонӣ ва ҳангомапардозии давомдор баён шудааст.
  4. Ҷинояткор-ҷинояткор аст, вақте ки 22.10.2018с. ба гуноҳи кабираи худ иқрор шуданд, чор тарафашон қибла, куҷое раванд, «марҳабо».
  5. Шояд онҳо пеши Мирзо Салимпури наҳзатчӣ (ҲНИ-чӣ) раванд. Зеро гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро ягон каси дигар қабул надорад ва намепазирад.
  6. Ҳангомаи дигар нест. Чӣ боз мебояд гуфт дар бораи аъзоёни фаъоли гурӯҳакҳои муташаккили ҷиноятии ш.Хоруғ?! Чи тавре ки дар боло зикр шуд, Мирзои Салимпур дурӯғгӯйи гузаро аст.
  7. Хафт саркардаи ГМҶ: – Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев тавбаи мардона ва аҳёнан занона ҳам карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд.

Моҳияти ҷавоби ахбороти дурӯғсомонаи ахбор.ком бошад ин аст, ки гурӯҳҳои маълуми ГМҶ-и Бадахшон хаттӣ қасам хӯрданд, ки дигар ба ҷиноят даст намезананд. Аз ин пас, аъзои ГМҶ дар чорчӯбаи қонун амал мекунанд ва дар ивази он амалиёти махсус  оид ба маҳв кардани онҳо гузаронида намешавад, метавонанд, ки берун аз худуди ҷоий истиқоматашон бароянд ва  барои аёдати хешутаборонашон, ки дар дигар ноҳияҳо зиндаги доранд, раванд.

Аслам Мазабов, коршиноси масоили иҷтимоӣ,
зодаи ш.Хоруғ, сокини ш.Бохтар 

 

ФАВРӢ: Ахбор.ком дурӯғгӯ ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст