Эҳёи анъанаҳои нек

Аз оғози мавсим рӯзҳои истироҳатии ҳафта аз шаҳру деҳоти Исфара барои кӯмак ба пахтакорони шаҳри Конибодом ҳашарчиён сафарбар мегарданд.
Рӯзи якшанбе Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин, собиқадорони арсаи меҳнат Гулафзо Савриддинова, Холис Темурчонов, Башорат Раҳимова, Ҷамолиддин Нуриддинов, кормандони дастгоҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва як гурӯҳ аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар филиали Донишгоҳои технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба чиниши тиллои сафед ба хоҷагии деҳқонии Усмон Ашӯрови ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов-и шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Раиси шаҳри Исфара С.Саломзода, ходими давлативу сиёсии кишвар Гулафзо Савриддинова ва Раиси шаҳри Конибодом Боҳирӣ Ғайбулло Нозир аз даврони иқдомҳои наҷиб, анъанаву сунатҳои неки тоҷикон дар ҷамъоварии пахта, дасти мадад дар тирамоҳи заррин ба марди деҳқон, ки дастархони ҳамагонро мунаввар мегардонад, ёдовар шуда, дар ҳаққи онҳо дуои нек ва ба хирмани тиллои сафед баракат орзу карданд.
Имсол деҳқонони деҳоти Ғафурҷон Ортиқов-и шаҳри Конибодом ба 1500 гектар майдон пахта кишт карда, ҳосили дилхоҳ парвариш карданд.
Майдони фаррохи сап сафед аз дури гарон, ҳавои софу беғубори офтобии тирамоҳи заррин, чиниши дастаҷамъонаи пахта ба ҳашарчиён руҳу илҳоми тоза зам кард.
500 кг пахтаи ҷамъовардаи ҳашарчиён ба хирмани бошукӯҳи хоҷагии деҳқонии Усмон Ашӯров ки аз 80 гектар майдон ҷамъоварӣ карда, аз иҷрои нақша мужда расониданд, замъ гардид.