Мушкилоти халшаванда

Дар мачлисгохи литсеи Ворух бо иштироки беш аз 300нафар волидайни хонандагони муассиса мулокот бо намояндагони Кумитаи ичроияи Хизби Халкии Демократии Точикистон дар шахри Исфара, Комиссариати харбии вилояти Сугд, макомотхои хифзи хукук ва чамоати деҳоти Ворух оид ба масоили мубрами руз амали Конуни ЧТ»Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»ва «Пешгирии чавонон аз шомилшави ба хизбу харакатхои ифроти» доир гардид. Зикр гардид, ки муассисахои таълими, бахусус литсей ва падару модарон дар таълими фарзандон сахми шоиста доранд. Толибилмони Ворух хамасола дар дохилшави ба муассисахои таълимии олии кишвар ва хорич он ба бехтарин натича дар микеси шахру вилоят ноил мегарданд. Дар солхои сохибистклоли садхо чавонони баору нанги Ворух дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон софдилона хизмат кард, алхол ба рушту нимуи Ватан хиссагузори доранд. Дар катори 114 нафар чавонони шучоъ, ки, бо дуову ниятхои неки Раиси шахри Исфара мухтарам Саломзода Сичоуддин дар рузи аввали мавсими тирамохии»Даъват_2018″ба сафи Артиши Милли сафарбар шуданд , чавонони кавииродаи Ворух хам буданд. Вале хануз захираву имкониятхои мавчуда дар тарбияи фарзанд дар рухияи эхтиром ба Ватан аз чониби падару модарон самаранок истифода нашудааст. Умед хаст, ки мардуми сарбаланди Ворух дар ин самти муҳими хаети чомеъ низ намунаи ибрати хамагон мегарданд.