Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд

Тибқи дастури Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади таъмини ичроиши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 26 сентябри соли 2018 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Ворух №11”, сардухтури беморхонаи минтақавии №1 Каримахон Ҳакимова дар маркази деҳа бо интихобкунандагон мулоқоти судманд анҷом дод.
Нахуст, вакил доир ба раванди корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру деҳоти Исфара ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пеш овард.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара бунёду сохтмони 120 адад иншоотҳои гуногун, ҳамзамон таҷдиду навсозӣ ва таъмиру барқароркунии даҳҳо иншоотҳои дигар ба нақша гирифта шудаанд.
Бояд зикр кард, ки тибқи Қарори раиси вилояти Суғд “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Ворух низ корҳои ободониву созагндагӣ хуб ба роҳ монда шуда, аз ҷумла бо дастгирии соҳибкорону сокинон зиёда аз 8 км роҳи марказии деҳа асфалтпуш карда шуд.
Дар фарҷоми мулоқот изҳори боварӣ карда шуд, ки сокини ҷамоати деҳоти Ворух низ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пуршукуҳи таърихии 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни азизу муқаддас кӯшишу ғайрати худро равона менамоянд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *