Иқдом ба ҷамъоварии пахта

Бо иқдоми Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин беш аз 100 нафар намояндагии ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” 7-уми октябри соли равон дар ҷамъоварии пахта ба хоҷагии деҳқонии “Мирзоқул Бозоров”-и деҳоти Хонобод дасти мадад дароз карданд.
Чиниши дастаҷамъонаи пахта ба ҷавонон руҳу илҳоми меҳенатӣ ва ба деҳқони асил шодиву фараҳ бахшид.

Маркази иттилоот ва таблиғотӣ
КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара