Ифтитоҳи корхонаи маҳсулоти ширӣ

Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Исфара боз як иншооти истеҳсолӣ — корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти ширӣ бо номи «Афзун» ба истифода дода шуд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин зимни муборакбодии хеш таъкид дошт, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги Истиқлол ва дар пайгирū аз даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар раванди умури бунёдкориву созандагū соҳибкорони шаҳри Исфара бо нишони дастгирии сиёсати дурусти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътимоди қавū ба фардои неки Ватани маҳбуб дар маъракаи ободонū мавқеи пешсафиро ихтиёр намудаанд. Зеро дар шаҳри Исфара ба хубӣ дарк мекунанд, ки дар шароити имрӯза истеҳсолот пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Аз ин хотир пеш аз ҳама ба рушду равнақи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Иншоотро соҳибкори маҳаллū Сафарбой Маҳмудов бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳр, бо нияти неки созандагӣ бунёд намудааст.

Ба шарофати ифтитоҳёбии корхонаи хурди истеҳсолӣ 9 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд ва бино бар суханони соҳибмулкаш дар ояндаи наздик шумораи кормандони он ба маротиб меафзояд.
Шаҳрдори Исфара зимни суханронии худ бунёди ин корхонаи хурди истеҳсоли маҳсулоти шириро натиҷаи ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо бахши хусусӣ арзёбӣ намуд.

Корхонаи “Афзун” алҳол бо як қатор фермаҳои ширию молии хоҷагиҳои кишоварзӣ аҳдномаҳои ҳамкорӣ имзо намуда, тасмим гирифтааст дар қатори дигар корхонаҳои ҳамсоҳа сокинони шаҳрро бо беш аз 7 намуд маҳсулоти ширӣ таъмин намояд. Соҳибкор ҳамчунин ният дорад дар ояндаи наздик дар корхонааш истеҳсоли яхмос ва панирро низ ба роҳ монад
Арзи ҳастū намудани иншоотҳои муҳими дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоū ба амалӣ шудани ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳарчи бештар бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат ва дар маҷмӯъ расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи сокинони мамлакат мусоидат хоҳад намуд.