Гусели ихтиёриёни аввалин

Ба муносибати гусели гуруҳи аввалини ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ҷамъомади тантанавӣ баргузор гирдид, ки дар ҷараёни он роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони комиссариати ҳарбӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайни даъватшавандагон ширкат доштанд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо баробари ба зиёда аз 100 нафар ихтиёриёни аввалин таманно намудани сиҳатмандиву сарбаландӣ ва муваффаққияту бурдбориҳо дар адои қарзи шаҳрвандӣ, таъкид дошт, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб мешавад.
Маҳз ба шарофати мавҷудият, нерӯмандии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизмати шуҷоатмандонаи хизматчиёни ҳарбӣ мардуми Тоҷикистон имрӯз дар вазъи орому осуда зиндагӣ ба сар мебаранд.
Раиси шаҳр дар ин радиф ба таври хоса тазаккур дод, ки барои ҷавонон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо ўхдадории шаҳрвандӣ, балки масъулият ва ифтихор низ мебошад. Хизмати ҳарбӣ барои ҷисман обутоб ёфтан, мустаҳкамии ирода, ҷасорату серҳаракатӣ, ватанпарастӣ, садоқат ба Ватану миллат ва дигар хислатҳои нек мусоидат мекунад. Артиш мактаби ҳақиқии ҳаёт аст.
Дар ҷараёни ҳамоиш собиқадори меҳнат Алиҷон Абдуллозода баромад намуда, нахуст ба ҷавонони дар мавсими тирамохӣ аз аввалинҳо шуда ба адои хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори сипос ва минатдорӣ намуд ва афзуд, ки ҷавонон дар ҳамагуна шароит ба савганди ҳарбии ёдкардаи худ устувор монанд ва фазои сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату миллатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Модари яке аз даъватшавандагон Гулсара Ҳамроева иброз дошт, ки ӯ бо шукронаи оромиву осоиштагии мамлакат, бо қалби софу ниятҳои нек фарзанди худро ба иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҳидоят кардааст.
Сарбози ба тозагӣ хизмати ҳарбиро адо намуда Эшонхӯҷа Искандаров баромад намуда, аз љумла изњор дошт, ки љавонон набояд аз хизмати њарбї саркашї кунанд. Зеро аскарї ба љуз адои қарзи шањрвандӣ будан, мактаби хуби ҷавонмардиву садоқат ва омодагӣ ба зиндагии мустақилонаву расидан ба қадри падару модар, додару хоҳар ва насими форами зодгоҳ аст.
Даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак Ҳорис Дадабоев аҳли ҷамъомад ва дар симои онҳо тамоми мардуми диёрро бовар кунонид, ки ҳамсолони ӯ тавассути хизмати содиқона ва шуҷоату далерӣ анъанаҳои неки меҳандорӣ ва гиромӣ доштани ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодиро бо сарбаландӣ идома хоҳанд дод.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин рӯз, дар оғози маъракаи даъвати18 нафар аз ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, 17 нафар аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак, 15 нафар аз ҷамоати деҳоти Навгилем, 11 нафар аз ҷамоати деҳоти Кӯлканд, 10 нафар аз ҷамоати деҳоти Хонобод, 9 нафар аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 5 нафар даъватшавандагон аз ҷамоати деҳоти Ворух ва 16 нафар даъватшавандагон аз маркази шаҳр баҳри иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сафарбар карда шуданд. Шоистаи таҳсин аст, ки ҷамоатҳои деҳоти Нефтободу Нурафшон дар оғози маъракаи даъвати тирамоҳӣ иҷрои нақшаи муқарраргаштаро таъмин намуданд.
Дар қисмати охири маросими гусел аҳли фарҳанги шаҳр бо барномаи консертии саршори васфу ситоиши Ватан ва сарбозони қисми ҳарбии дар шаҳр мустақаргардида бо намоиши ҳунару малакаи худ дар боби муҳорибаи тан ба тан ба даъватшавандагон роҳи сафед, шуҷоату далерӣ ва хизмати содиқона таманно намуданд.