Рӯ ба насли истиқлол

Дар мулоқоти гурӯҳи таблиғотӣ бо сокинони деҳоти Сурх, ки дар маҷмааи истироҳатию фароғатии “Ҷӯйи нав”ба истиқболи 27 –умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисистон баргузор гардид бештар ҷавонон иштирок доштанд.
Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён изҳор кард, ки дар 27 соли даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳсил, шуғл ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомае шароитҳои зарурӣ муҳайё гардид. Мушкилотҳои ҷавонони кишвар бо ғамхориву ҳидоятҳои пайваста ва ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯтоҳтарин фурсад бартарф гардида, ҷавонон дар партави ҳидоятҳои роҳбари давлат роҳи ояндаи худро муқаррару мунаввар сохтанд.
Тасъсиси квотаҳо, стипендияҳои Президентӣ, афзоиши бемайлони муассисаҳои томактабиву мактабӣ ва олӣ нерӯи тавонои фардосозро ба камол расониданд. Боиси ифтихору саодатмандист, ки 39 донишгоҳҳои кишвар беш аз 190 ҳазор ҷавононро ба махзани илму маърифат фаро гирифтааст. Беш аз 30 ҳазор ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ дар муассисаҳои олии кишварҳои дигар таҳсили имл доранд.
Хушбахтона сиёсати давлатии ҷавонон ба ҷузъи қавии сиёсати кулли давлати миллии Тоҷикистон қарор гирифт.Вале ҳанӯз дар деҳаҳои дурдаст аз ҷумла деҳоти Сурх ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва ба хусус ҷавонон ба мактабҳои олӣ аз мушкилот холӣ нест, ки ин ҳама ба сатҳи маърифати минбаъдаи ҷавонон бетасир нахоҳад монд. Ин мушкилот пеш аз ҳама аз муносибати волидайн бо фарзандон ба миён меояд. Дар дигар ҳолат аз бе ҷуръатии ҷавонон ба тақдири минбаъдаашон дарак медиҳад.Насли имрӯза дар ҳама ҳолат бояд ҳамқадами замон бошад.
Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд, ки “Зиндагии наслҳои нав саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васе, дониши амиқ, донистани техника ва технологияи навтарин ва забондониро талаб мекунад” ин пиндори нек ва ҳидоятҳои сарвақтии Пешвои миллат бояд роҳнаварди ҳаряк ҷавон дар зиндагӣ ба ояндаи дурахшони ҷавонон бошад.
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара О.Аҳмадов изҳор кард, ки яке аз неъматҳои соҳибистиқлолӣ амалигашти сиёсати давлатӣ оид ба ҷавонон аст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳтиром ва ғамхорӣ дар ҳақи ҷавонон, ҳамчун ояндаи миллат манзалати хоса пайдо кард.
Мақоми ҷавонон рӯз то рӯз боло рафта онҳо алҳол баҳри ҳифзи арзишҳои давлати миллӣ хизматҳои шоёнро ба ҷо меоранд.
Вале як зумра ҷавонони аз маърифат ва дониш бар канор монда ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ пайваст гашта ба решаи ояндаи хеш теша мезананд.
Ҳануз ҳолатҳои мудохила ба илмомӯзии ҷавонон ба хусус духтарон дар ҳудуди деҳа ҷой дорад.
Роҳи ҷавонон роҳи озод, роҳи омӯзиши илму дониш ва ҳунар аст. Танҳо дониш ва маърифат метавонад ҳар як ҷавонро дар ҳама ҷабҳа шӯҳратёр ва дар зиндагӣ комрон гардонад.
Раиси ҷамоати деҳоти Сурх Баҳодур Ҷумаев нақшаву реҷаҳои ободкориҳои мардуми деҳаи Сурх ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин пешниҳод ва онҳоро барои амалигашти он даъват намуд.

Сарвар Аҳмадов