Роҳпаймоии ҷавонон

Ба ифтихорӣ ҷашни бошукӯҳ, 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи тозамумфарш гардидаи марказии деҳоти Ворух, ҳамоиши ТҶҶ “Созандагони Ватан” таҳти шиори “Поянда бод Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар кӯчаи марказӣ беш аз 1000 нафар ҷавонон таҳти шиору овезаҳои“Мо Ҷавонони даврони соҳибистиқлол пайравони Пешвои муззами миллат”, “Ҷавонон роҳкушои имрӯзу фардо”, “Ҷавонон ояндаи миллат”, “Ҷовидон бод ҷавонӣ ва ҷавонон”, “Тоҷикистон ватани ҷавонон” роҳпаймои намуда дар майдони назди бинои ҷамоат бахшида ба санаи муборак ҷамъомад доир намуданд.
Ҷавононро муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Шораҳматов, муовини раиси КИ ҲХДТ Обидбой Аҳмадов ва раиси ҷамоати деҳоти Ворух ба ҷашни фархунда муборакбод намуданд.
Ҷавононе, ки ба истиқболи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррас насибашон гардид, бо сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, ифтихорномаҳои ҷамаоти деҳоти Ворух ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд.
Аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ таҳти сарварии Ҷамшедҷон Шокиров ва Маҳмуҷон Ниёзов барномаи фарҳангӣ фароғатӣ манзури иштирокдорон гардид.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *