Мулоқот дар сари кӯча

Мулоқоти навбатии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дар яке аз кӯчаҳои сернуфузи маҳаллаи Сари Ҷарӣ деҳаи Чоркӯҳ доир гардид.
Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён сокинони маҳалро бо дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолии кишвар шинос намуда ҳамагонро ба худшиносиву худогоҳи, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва зиракии сиёсӣ даъват кард.
Муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Обидбой Аҳмадов оид ба пайдоиш, хатар ва иғвоҳои навбатии ТТЭ ҲНИ, бахусус зарару хиёнатҳои намояндагони он ба фазои ҷамъиятиву иҷтимоии деҳаи Чоркӯҳ ба тавсил маълумот дода, даъват ба амал овард, ки волидайн дар тарбияи насли наврас бетараф набошанд. Ҷигарбандонашонро аз ҳаракатҳои ифротӣ эмин нигоҳ дошта, бо илму маърифати муосир фаро гиронанд.
Муовини раиси ҷамоати деҳои Чоркӯҳ Ӯ Халоқов иштирокчиёнро бо нақши минбаъдаи бунёдкорию ободони дар маҳаллҳои Чоркӯҳ ба хусус пурра ба анҷом расонидани мумфарш гардонии ҳамаи кӯчаҳо шинос кард.
Савар Аҳмедов