Маросими қадршиносӣ

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара маросими қадршиносии фаъолони арсаи меҳнат, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии шаҳр, ғолибони озмунҳо ва пешқадамон ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Қабл аз оғози маросими супоридани Ифтихорнома ва мукофотҳо Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар ҳузури фаъолон, собиқадорон ва намояндагони касбу кори гуногун суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷашни 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, амалишавии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаҳои гуногун дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумат меҳнати софдилонаи ва хизматҳои шоёни намояндагони соҳаҳои мухталифро ба таври доимӣ қадрдонӣ менамояд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолону пешсафон ва собиқадорон минбаъд низ барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол заҳмат кашида, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда пешвоз мегиранд.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад».
Сиҷоуддин Саломзода афзуд, ки шаҳри бостонии Исфара ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоён ва нусратовар истиқбол мегирад ва ин шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона шуғл варзида истодаем. Шоистаи таъкид аст, ки баҳри расидан ба ин комёбиҳои назаррас саҳми ҳар як сокини шаҳр, хусусан фаъолон назаррас буда, мутмаъин ҳастем, ки кору пайкори эшон ҳамчун намунаи ибрат ба насли наврас мерос боқӣ мемонад.
Сипас Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ба 45 нафар ашхоси барӯманд ва фаъолони соҳаҳои гуногун Ифтихорнома ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро тақдим карда намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *