Мардуми фарҳангиву созандаю бунёдкори шаҳри Исфара

Мардуми фарҳангиву созандаю бунёдкори шаҳри Исфара ҷашни бузурги 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барҳақ муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад, бо армуғонҳои шоиста истиқболу таҷлил намуданд.
Ифтитоҳи коргоҳи навбунёди масолеҳи сохтмонӣ дар заминаи ҶСК «Комбинати масолеҳи бинокорӣ» ва ҳам маҷмааи хизматрасонии «Чархи заррин» дар маркази шаҳр аз ҷумлаи силсилаи чорабиниҳои ҷашнӣ буданд, ки ба фаъолият оғоз намудани онҳоро мардум гарм истиқбол намуданд.
Дар коргоҳи навбунёди «Комбинати масолеҳи бинокорӣ ҳамзамон бо воридсозию васли хатҳои нави технологӣ истеҳсоли 6 намуд масолеҳи нав аз қабили шпатлевка ва ҳам 4 намуди ширечи сохтмонӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар бозори дохилӣ харидорони зиёд дорад.
Тавре сарвари ҶСК «Комбинати масолеҳи бинокорӣ» Муҳаммаддовуд Муродалиев изҳор дошт, маҳсулоти нави воридотивазкунанда комилан ба талаботи стандартии муосир ҷавобгӯй буда, онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар ояндаи наздик содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.
Иншооти дигаре, ки дар арафаи ҷашни Истиқлол ба истифода дода шуд, Маркази хизматрасонии техникии «Чархи заррин» мебошад, ки аз се ошёна иборат буда, тавассути он соҳибони ҳама гуна тамғаи нақлиёт метавонанд қисмҳои эҳтиётии зарурии худро дастрас намоянд.
Бунёди иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сурат гирифта, дар ин ҷо ҳамчунон барои ташхису муоина ва таъмири воситаҳои нақлиёт шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. 7 нафар мутахассисони варзидаи соҳа, ки дар ин коргоҳ ҷойи кори доимӣ ёфтаанд, дар хидмати соҳибони воситаҳои нақлиёт қарор доранд.

Тантанаҳои умумишаҳрии сокинони Исфара ба ифтихори ҷашни бузурги таърихии 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Кимиёгарон»-и шаҳр бо иштироки меҳмонони зиёди ватаниву хориҷӣ ва зиёда аз 5000 нафар сокинони шаҳр басо бошукуҳ ва шаҳомати хос баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки мардуми меҳмоннавози Исфара аз иштироки ҳайати бонуфузе аз навоҳии Ӯзбекистону Бешариқ ва Сӯхи Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон ва ҳам ноҳияи Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон дар раванди тантанаҳои идона шоду ризоманд буданд.

Чун хамешагū исфарагиён ба идгохи асосū ташриф оварда аз намоиши таому хуришҳои миллӣ, хунархои халқū, маҳсули дасти пазандагону қаннодони шахр, барномаи зебову ҷолиби васфкунандаи сулҳу субот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ бо иштироки санъаткорони диёр лаззат бурданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо каломи муборакбодӣ баромад намуда, аз таърихи қабули эъломия оид ба Истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ва раванди таҳкими пояҳои он дар солҳои минбаъда ёдовар шуд.
Зимнан гуфта шуд, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукӯҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад, зеро он мояи ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Миллати мо дар таърихи 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Инак, Истиқлолияти мо 27 — сола шуд ва Тоҷикистони мустақилу озод таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои орому осуда рӯз то рӯз дар арсаи дохилӣ ва хориҷӣ ба комёбиҳои нав ба нав ноил мегардад.

Сокинони шаҳру деҳоти Исфараро ҳамчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмудинов, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода, муовини ҳокими ноҳияи Ӯзбекистон Муродҷон Мансуров, муовини ҳокими ноҳияи Бешариқ Авазбек Абдураҳмонов, муовини ҳокими ноҳияи Боткон Талайбек Ибрагимов бо ин рухдоди таърихū, ҷашни бузурги 27 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Тоҷикистон сидқан шодбош гуфта, барояшон сиҳатмандū, хушрӯзū, комёбиҳои рӯзафзун ва ободиву осудагū таманно карданд.
Онҳо бо баробари таҳнияти ҳозирин ва зикри аҳамияти қабули эъломия оид ба Истиқлолияти давлатии ҶТ аз дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии милливу давлатū ёдовар шуданд.
Дар ҳамоиши идона бахшида ба 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши ҷолиби фарҳангии тараннумгари Ватан, зиндагии осудаву ором ва мардуми меҳнатқарини диёр манзури ҳозирин гардонида шуд.