Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳоти Навгилем бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор гардид, ки бештари иштирокдоронро ҷавонони фаъоли деҳот ташкил медоданд.
Дар даромадгоҳи муассиса бахшида ба “Соли 2018 – соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”намоиши дастранҷисокинони деҳаи Навгилем аз қабили зардӯзиҳо, оҳангарӣ, кулолгарӣ, қардрезӣ, чӯбкорӣ, пухту пази таомҳои гуногун ба намоиш гузошта шуданд.
Раиси ҷамоати деҳоти Навгилем ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ бахшид.
Муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён табрикоти раиси шаҳри Исфара муҳтарам Саломзода Сиҷоуддин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуд.
Сардори намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Оятулло Амонуллоев иштирокдоронро бо фарорасии ҷашни муборак, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик намуда аз муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён хоҳиш намуд то ба 24 нафар ҷавонон ва фаъолони деҳот, ки узвияти ҲХДТ-ро ба истиқболи ҷашни фархунда пазируфта буданд, дар вазъи тантанавӣ супоранд.
Хотираи иштирокдоронро суруду таронаҳо дар васфи Истиқлолияти кишвар, сулҳу ваҳдат ва ватандориву ватанпарастӣ болида гардонид.