Дар арафаи таҷлили солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар арафаи таҷлили солгарди навбатии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони ташкилоту идораҳо ва муовинони раиси шаҳр бо Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара қадрдонӣ карда карда шуданд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳозиринро ба муносибати 27 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла гуфт, ки «Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳафт сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рўз, барҳақ оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Нерўи бузурги мардуми кишвари мо, пеш аз ҳама, дар ягонагӣ ва ваҳдати шаҳрвандони он зоҳир меёбад».
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ мебошад.
Дар ин радиф барои иҷрои сифатноки вазифаҳои муҳиму масъулиятноки ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа коормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ қадршиносӣ мегарданд.
Шаҳрдори Исфара зикр дошт, ки чун дар тамоми гўшаву канори кишвари азизамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар шаҳри Исфара низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба эълон гардидани «1300 Рўзи ободонию созандагӣ» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони шаҳру деҳоти Исфара ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.