Имрӯзҳо дар саросари дунё

Имрӯзҳо дар саросари дунё гурӯҳҳои террористӣ бевосита барои содир намудани ҷинояти дорои хислати оташзанӣ, куштор, забткунӣ, зараррасонӣ, халалдор сохтани вазъияти ороми ин ё он давлатро пеша кардаанд.

Маҳз ҳамин гурӯҳҳо, ки аз тарафи хоҷагони хориҷии худ сармоягузорӣ мешаванд, мехоҳанд вазъияти орому осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро халалдор созанд.

Чунин гурӯҳҳои иғвогару беномӯс ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта нақша тарҳрезӣ карда буданд, ки боиси сар задани Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд. Аммо, чун нияти нопок доштанд, натавонистанд миллату фарҳанги тоҷикро аз байн бубаранд ва давлати бо ном “Исломӣ”-ро барпо созанд. Гарчанде онҳо то ба имрӯз мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ созанд, вале мунтазам шикаст мехӯранд, ки ин шаҳодати иродаи қавӣ доштани мардуми сарбаланду сулҳпарвари Тоҷикистони соҳибистқлол мебошад.

Ҳодисаи санаи 29.07.2018 нисбати сайёҳҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара баамаломада бори дигар исбот намуд, ки гурӯҳҳои террористӣ аз ҳолатҳои мусоид  истифода бурда, шараф ва оромии Тоҷикистонро халалдорсохтанд. Ин гурӯҳҳои нохалаф, ки дини мубини Исломро барои ба даст овардани манфиатҳои худ истифода мекарданд, имрӯз шикаст хӯрда, мақсадҳои нопоки худро амалӣ карда натавонистанд ва наметавонанд.

Рушду нумӯи Тоҷикистони ҷавон, рӯз аз рӯз болоравии сатҳи зиндагии мардум, ободонию созандагӣ ба чашми душманони миллати тоҷик чун хор мехалад ва онҳо ин пешравиҳоро чашми дидан надоранд. Аз ин лиҳоз, кӯшиши ба оромӣ, сулҳу субот ва зиндагии осоиштаи мардуми мо зарар расониданро мекунанд.

Имрӯз мо-мардуми тоҷик бо як овоз мегӯем, ки шумо  ҳеҷ гоҳ ба мақсади ғаразу нопоки худ нарасидед ва нахоҳед расид!