Занони Исфарамарз зидди амали нангин!

Хабари марги сайёхон дар Данѓара бисёр хабари доѓ аст. Мо аз ин бисёр ѓамгинем.

Дастовардхои  27 соли  Истиќлолияти Чумхурии Точикистон, ки имрўз бо ташаббуси  Асосгузори  сулху  вахдати милли- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон мухтарам  Эмомали  Рахмон  дар тамоми  чахон  бо анъана ва суннатхои  миллиаш  маълум ва  машхур гардид. Бо эълон намудани  соли 2018 —  соли рушди сайёхи  ва  хунархои мардуми аз  гўшаю канори чахон сайёхон ба кишвари мо омада бо анъанахои  милли ва таърихии мардуми точик шинос шуда, бахои ќаноатбахш гузоштанд. Дар хаќиќат Точикистони мо табиати зебо дорад ,мардумаш мехмоннавоз мебошад.

Хабари марги сайёхон дар Данѓара хамаи моро ба хашм овард.

Дар арафаи чашни Истиќлолияти давлатии  Чумњурии  Точикистон  душманони миллати мо  ночавонмардони худамонро истифода бурдаанд.

Занону духтарони шахри Исфара ин амали террористиро махкум намуда, ба  модароне, ки чунин фарзандони нохалаф, душманони халќу миллатро тарбия кардаанд, лаънат мехонанд. Хайфи  номи модару хайфи нону намаки Точикистон медонанд.

Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон зимни вохўри ба чомеаи  кишвар  баён доштанд, ки хар нафаре, ки аз  сайёхон          ришва меситонад,  хоини Ватан эълон карда шавад.

Бинобарин онњое, ки даст ба куштор заданд, шахрвандони бегунохе, ки барои сайру саёхат ба Точикистони азизи мо омада, метавонистанд  дастовардхои  солхои  истиќлолиятро  дар кишвархои худ  тарғибу  ташвиќ намоянд,  вахшиёна ба ќатл расониданд ва хостанд ба номи точику точикистониён доғ оваранд. Вале онхо харгиз ба маќсади худ намерасанд, зеро бо ќатлу куштор, холо ягон нафар ба маќсади худ нарасидааст.  Мардуми аз сиёсат бохабару  худогох хуб мефахманд, ки бо куштану нобуд кардани як-ду нафар, номи тамоми точикистонро дар арсаи байналхалќи сиёх кардан аз руи адлу инсоф нест. Дар дигар кишвархои дунё низ чунин нохалафон кам нестанд ва амалњои ғайриинсонии онњо њаргиз ба коста гардидани обруву эътибори ин давлатхо оварда намерасонад.

Душмани номард аз пушт корд  мезанад. Агар онхо мард мебуданд, рўйирост фикру аќидаи худро баён мекарданд. Чуноне,  ки инсон бе айбу гунох намешавад, давлат хам бе камбудиву нуксон намешавад ва инро Ҷаноби Оли борхо таъкид кардаанд ва ба тадрич ин камбудихо бартарф карда хоханд шуд. Ба хамаи онхое, ки имруз  санг дар  бағал доранд, таъкид менамоем, ки номард набошанд, камбудихоро тариќи сомонахои интернети, воситахои ахбори умум изхор намоянд.

Дар навбати худ мо бахри ислохи онхо чораандешї хохем кард.