МАҲКУМ МЕКУНЕМ

Ҳодисаи 29 июли соли равон бо гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ рӯйдода, ки дар натиҷаи он чор нафар ба ҳалокат расиданд, моро бетараф намегузорад, балки нафрату ғазабро боло мебардорад. Зеро иддае чанд намехоҳанд гулгулшукуфии Тоҷикистонро бинанд, бо роҳи қатлу куштор мехоҳанд монеаи пешрафти кишвар ва халалдор гаштани сулҳу субот шаванд.
Ин нохалафон, ки дастпарвари аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом мебошанд, хостанд бо ин амал ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар зарба зананд. Аммо боварӣ дорам, тирашон хок хӯрд. Баръакс онҳо бо ин корашон кӣ будани худ ва қотилу ваҳшӣ буданашонро нишон доданд.
Мутаасифона ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавонони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба доми фиреби душманони миллату давлати тоҷик меафтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки саркардагони гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати шомилгардонӣ ба сафҳои худ асосан ба қишри ниёзманди ҷомеа — бекорон, муҳоҷирони меҳнатии ба маблағ ниёздошта, нафарони аз аъзои оила ва аҳли ҷомеа ранҷида ва ҷавонони дорои донишу маърифати паст дом мегузоранд.
Барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ба ҷавононе, ки муҳоҷирони меҳнатӣ мераванд, мегӯем:
Ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиатон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед.
Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудаи шахсони шубҳанок, ки Шумо онҳоро намешиносед, бовар накунед.
Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба шумо таъсир расонида, гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию террористӣ ҷалб созанд.
Пеш аз сафар дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар маҳалҳо оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва аз хатарҳои террористию экстремистӣ машварат гиред.
Агар шумо дар хориҷи кишвар ҷойи кори аниқ надоред ва ба шахси даъватнамуда боварӣ надоред, метавонед ба «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоед. Онҳо метавонанд дар хориҷи кишвар ба шумо ҷойи кори мувофиқ ва бехатар пешниҳод намоянд.
Гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ мекунанд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (Одноклассники, Фейсбук, Вайбер, Вотсапп, ВКонтакте ва дигар). Ба паёмаку даъватҳои шахсони ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред.
Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хоричи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат аз афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷуед.
Дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал намоед, балки ба Сафоратхонаву Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ФР оид ба муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон (диаспораҳо) дар ҳудуди давлати қабулкунанда муроҷиат созед.
Мустақим АҲМЕДОВ, мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *