Касе, ки шукрона намекунад, хиёнат ба ватан ба миллат ва ба падару модар кардааст

Мо ҳодисаи санаи 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Душанбе-Данғара рух додаро сахт маҳкум менамоем. Ҳодисае, ки дар натиҷаи он чор нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

Ин амали ноҷавонмардона, ки аз тарафи иддае чанд нохалаф ташкил карда шуда буду барои ноором намудани вазъ нигаронида шудааст, нафрату ғазаби шахси соҳибирода ва бомаърифатро ба ҷӯш меорад. Зеро як тӯда афроди бадкешу бадандеш, ки бо ниқоби ислом амал кунанду ҷавононро ба роҳи гумроҳӣ мехоҳанд баранд, хостанд ба соҳаҳои иқтисодиёти иҷтимоиёти Тоҷикистони азиз бо ноамнт нишон додани кишвар барои сайёҳон зарба зананд. Ин амалкарди гурӯҳи ҷинояткор, ки бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ тарбиятдидаи ҳизби наҳзати ислом мебошанд, моро бетараф намегузорад ва бараъкс, талаб менамояд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро ҳизби наҳзати ислом ва бадхоҳони миллату давлати тоҷикон ҳар лаҳза метавонанд бо усулҳои ноҷавонмардона боиси хотирпарешониҳои мардум бошанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос моро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида бештар, дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем. Дар замири ҷавонон дӯстдории ватану миллатро талқин намоем дар амалигашти талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” саҳмгузорӣ намоем. Ба он хотир ки ин амали анҷомдодашуда нисбат ба сайёҳони хориҷӣ аз тарафи гурӯҳе анҷом дода шудааст, ки дар байни онҳо ҷавонон низ ҳастанд.

Шукрона бояд кард, ки Тоҷикистони мо дар ҳоли пешрафт мебошад ва табиати нотакрор ва ҷойҳои зиёди тамошобоб дорад. Имконияти васеъ барои ҷалби сайёҳонро дораду кишварест, ки ҳар чаҳор фасли солаш барои рушди сайёҳӣ хеле қулай аст.

Касе, ки шукрона намекунад, хиёнат ба ватан ба миллат ва ба падару модар кардааст. Касе, ки шукрона намекунад ва ин неъматҳои бузург: оромӣ, сулҳу субот, пешрафт ва тараққиётро дидан намехоҳад, аз фарзанди ин сарзамин буда наметавонад.

Биноан муроҷиатан мегӯем, ки набояд нисбат ба рафтори ҷавонон бетараф бошем. Набояд ба амалҳое роҳ диҳем, ки боиси сарафкандагӣ шаваду миллати фарҳангпарвари тоҷикро сархам намояд. Дар замири насли наврас, ҷавонон ва пиру барно аз ҳарвақта дида бештар меҳрубониву садоқат, меҳмоннавозию дӯстиро густариш диҳем. Зеро миллати тоҷик ва халқи сарбаланди Тоҷикистон аз қадим меҳмоннавоз ва дӯстпарвар буду ҳаст.

 

Эгамзод Муртазо Машрафи – мудири бахши рушди сайёхии макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Исфара

One Comment

  1. мухочирбача аз Исфара

    чи хел инсонхои бе имон вай сайёхон чи гунох доштанд ман мехохам ки ба ин бадрафторон хукми абад дода шавад нохалафон обу руи мардуми точикро паст назанед ношукр одамони чои шумон зиндон аст зиндони низомаш сангин .Мо тарафдори Сулх хастем Точикистон бодо ояндаат дурахшон душманонат кур шавад .

Comments are closed.