ҲУШЁРӢ ВА ЗИРАКИИ СИЁСИРО АЗ ДАСТ НАДИҲЕМ

Ҳодисаи бо сайёҳони хориҷӣ рӯйдода, ки дар натиҷаи он чор нафар ба ҳалокат расиданд, шахси соҳибақл ва иродаткешро бетараф гузошта наметавонад.
Бетараф намегузорад, нафареро, ки дар замираш ҳиссаи ватандӯстӣ ҷӯш мезанаду барои шукуфоии Тоҷикистон талош менамояд.
Ба ин миллату давлат дилаш месӯзад ва ободии диёру осудагии аҳли аёлашро муқаддастарин арзиш меҳисобад. Арзише, ки бо такопӯй ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон побарҷост.
Ин ҳодиса бори дигар симоҳои аслии душманони миллатро, ки бо номи ислом солҳои зиёд мардумро гумроҳ мекарданду акнун дар хориҷ мехоҳанд алайҳи миллати тоҷик хушунату кушторро роҳандозӣ намоянд, нишон додл. Нишон дод, ки аъзои ТТЭ ҲНИ чӣ тавр тайёр ҳастанд разилтарин корҳоро анҷом диҳанд, то пешрафти Тоҷикистонро нодида гиранд.
Дар баробари ин ҳодисаро маҳкум намудан, моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Огоҳ бошем, ки ҷавонони мо дар Ватан ва дар берун аз он ба кадом корҳо машғуланд. Ҳамнишинашон кӣ асту ба кадом корҳо машғуланд.
Дар Ватан, дар маҳалли зист ва ҳадди ақал дар оилаву хонаводаамон фарзандонамонро дар муҳити солими ақлониву ҷисмонӣ ба воя расонем. Дар ободии диёр кӯшиш кунем, хиште бар хиште дар меъмори ҷомеаи рушдёфта гузорему дар гулгулшукуфоии кишвар саҳмгузор бошем.
Албатта ин ҳодисаи нангин ва вазнин аст, аммо моро зарур аст алайҳи онҳое, ки оромиву сулҳу субот ва пешрафтро намехоҳанд, муборизаи беамон барем. Дар тарбияи фарзандони меҳанпарасту меҳмоннавоз, дӯстшиору ободкор аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем.
Нагузорем, ки дар оянда нохалафе чанд бо ташкили гурӯҳҳои ҷинояткор ҳаракати ноамнсозӣ ва паст задани обрӯю эътибори миллати бонангу ор ва фарҳангии тоҷику тоҷикистонро кунанд.
Абдумуталиб Шарифов.