Аз зархаридон бипарҳезед

Мо аъзои Шӯрои занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ба рафтору кирдори ғайриинсонии як гурӯҳи ҷавонони нохалафи миллатфурӯш, ки сайёҳони ба Тоҷикистон ташриф овардаро марвиди террор қарор доданд, маҳкум менамоем.

Оё онҳо модару хоҳар надоштанд. Оё ин оромӣ, сулҳу Ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба манфиати онҳо набуд?.

Бори дигар ҳаётӣ будани суханони хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар омад, ки борҳо аз минбарҳои баланд иброз доштанд:

“Экстремисту террорист ватан, миллат, дину диёнат надорад”.

Қотилони сайёҳони бегуноҳ воқеан на танҳо беватану бемазҳаб, ҳатто бе падару бемодаранд. Онҳо худозадагоне ҳастанд, ки на зебоии оламро дида метавонанду на оиди охирати инсонӣ тасаввурот доранд.

Ин кӯрдилон ба эмисарҳои кишварҳои дигар виҷдон, ватан, падару модар, дину мазҳаб ва ҳатто номи инсонии худро фурӯхтаанд.

Мо модарон ба Шумо ҷавонони саодатманд изҳор мекунем: Аз ин палидони зархарид, хоинони миллат бипарҳезед. Ба қадру қиммати модарону хоҳарони худ, ба қадру қиммати Тоҷикистони ободу ором ва гулгугшукуфон ҳамарӯза бирасед.

Ф.Тоҷибоева